Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳақиқат, солҳои охир терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Мутаассифона, аз паҳншавии чунин гуруҳҳои пасттиннат, разилон ва хиёнаткорони ватан кишвари ободу сулҳпарвари тоҷик бар канор нест.
Ташкили ҷанги таҳмилӣ дар даврони нахустқадами соҳибихтиёриву таҳкими пояҳои тозаистиқлолӣ шаҳодатгари он аст, ки чунин гуруҳҳои экстремистӣ, террористӣ хусусан, ҲНИТ ҳануз дар солҳои 1991 решаи худро паҳн карда буд. То замони муосир доманаи фаъолияти ин созмони террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, ба амал баровардани даъватҳо аз хориҷи кишвар ва таҳияи маводҳои сохтаву бардурўғ тавассути сомонаҳои гуногуни шабакаи интернет вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Дастрасшавии чунин маводҳо, мо ҷавонони ватандўсту солеҳфикрро водор месозад, ки баҳри ифшои ҳадафҳои аслии ин гуруҳи мамнўъ қалам ба даст гирифта бошем.
Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, имрўз дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.
Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.
Аммо душманону бадхоҳони халқи тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми заковатпешаву хирадманди Тоҷикистони биҳиштосо дубора намегузоранд, ки касе зиндагии осудаву оромона, рўзгори босаодату ободкоронаи онҳоро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо макру ҳилла, фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи созандаву офарандаи моро аз раванди бунёдкориву ободонӣ берун орад.
Мо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.
Мардуми покдилу хушзеҳн, ҳимматбаланду бомуруввати Тоҷикистони шарафманд дигар тоқати дидани ашки модарону ятимии кудакон, ғарибии гурезагону оғуштаи хун гаштани ҷавонон, қаҳтиву гуруснагӣ, нодориву тангдастиро надоранд. Дар робита ба ин аз ҷонибдорону аъзоёни ҳизби террористии Наҳзати ислом таклиф ба амал бароварда мешавад, ки аз фикри сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ, таҳдиди амнияти давлатӣ, хиёнат ба Ватан-модар ва мансабталошӣ барагарданд. Намеазад, ки баҳри пиёда кардани манфиатҳои разилонаи як гуруҳи ҳокимиятхоҳ диёри ободу зебо, шукуфону хушсимо, рушдёбандаву соҳибтамаддун пора гардад. Шояд мурури замон дар тиннати ин қабил гурўҳҳо ҳисси пушаймониро бедор созад, аммо чӣ суд? Онҳо бояд бо чашми ақл бубинанд, ки имрўз Тоҷикистони азизи мо бе ҳизби исломӣ низ рушду нумуъ ёфта истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар роҳи тарғиби ғояҳои аслии дини мубини ислом ҳизбҳои демократихоҳу таҳкимдиҳандаи пояҳои давлати дунявӣ, хусусан, ҳокимияти имрўза таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мўҳтарам Эмомали Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд. Тарҷумаи сарчашмаи асосии дини ислом китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ ва ройгон дастраси мардум кардани он, таъсиси донишгоҳи исломӣ дар пойтахти кишвар, аъзои созмони Ҳамкориҳои исломӣ шудан, ба роҳ мондани робитаҳои мустаҳкам бо аксари мамолики исломӣ тақвиятгари гуфтаҳои болост. Дар ҳоле ки сазои ягон амале дар роҳи омўзиш ва шинохти мохияти ислом аз ҷониби гуруҳи аз номи ислом баромадкунанда дар тўли фаъолияти наздик 25 солаашон дида нашуд. Бузургдошту ҷашнвораҳои бошукуҳи пайваста ба намояндаи барҷастаи олами ислом, пешво ва фақеҳи бузург Нўъмон ибни Собит Имоми Аъзам шаҳодатгари онанд, ки сиёсати давлатдории тоҷикон новобаста аз дунявият дар ҷанбаҳои дохиливу глобалӣ, пайванди аслҳову оину мазҳабҳо ва динҳоро тарғиб менамояд ва бо беҳтарин усул бо маҳорати беҳамто дар худуди кишвар татбиқ менамояд.
Муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, дар роҳи татбиқи он устуворона қадам ниҳодан, инкишофи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, савдо, хоҷагии халқ, ҳунармандӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташаббусҳои беназир дар арсаи байналхалқӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо аксари мамолики ҷаҳон ва ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ нишони пешравии босуръати кишвари азиз ва рўзгори босаодати мардуми меҳанпараст мебошад.
Дар асоси чунин далелҳо мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ нақшаҳои ҷинояткоронаи террористӣ дошта, оромии кишвари сулҳхоҳи моро халалдор кардан мехоҳанд.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии калон дорад.
Далелҳои зикршуда, ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Комилова Зилола
омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ







