ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
АМАЛУ КИРДОРҲОИ СОБИҚ АЪЗОИ ҲНИТ БАР ЗИДДИ МАНФИАТҲО ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
2017-12-16

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки  мақсади асосии   онҳо бо кўмаки созмонҳои байналмиллалӣ  ва сарпарастони хориҷӣ   ба сари  қудрат омадан  ва барпо кардани давлати исломӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон нигаронида шуда буд, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эътироф карда шудааст. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари мо, ҷангҳои хунини бардавом дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муборизаҳои мусаллаҳонаи бародаркуш дар ҳудуди Ироқу Сурия таҳти парчами ДИИШ ва амсоли инҳо намунаи барномарезиҳои равандҳои сиёсӣ дар заминаи сўиистифода аз арзишҳои диниву мазҳабӣ аст. Маҳз аз ҷониби баъзе нерўҳои минтақавӣ ба хотири татбиқи манфиатҳои геополитикиашон истифода шудани ҲНИТ-и террористӣ кишвари моро ба ҷанги хонумонсўзи дохилӣ дучор сохта буд. Аз ин рў моро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ аз паҳн шудани  андешаҳои тундравонаву ифротгароёнаи диниву мазҳабӣ тамоми чораҳои заруриро андешем ва барои табдили тафаккури хурофотии омма ба тафаккури илмӣ талошҳои   созандае дошта бошем.

Тафаккури    илмӣ  силоҳи  пурзўр ,  ки  бо воситаи  он мо на фақат бо сухан, балки амалан низ метавонем манфиатҳои миллии худро ҳимоят намоем. Маҳз ба ҳамин васила нерўҳои манфиатҷўи минтақавӣ ва байналмиллалӣ намехоҳанд, ки тафаккури ҷомеаи мо илмӣ бошад, чунки дар ин ҳолат имкони амалии хифзи  манфиатҳои миллӣ пайдо намешавад,  ки ин ба манфиатҳои онҳо муносиб аст. Дар мавриди чунин муборизаҳо  силоҳи асосӣ идеология   ва  муборизаи идеологиву ақидавӣ  аст.  Устувортарин пойдеворе, ки миллатро метавон нигоҳ дошт, ин ҳамоҳангии ақидагии ҳар як фарди ҷомеа аст. Бо воситаи  идеологияи умумӣ ҳатто миллатҳои мухталифро метавон ҳамчун як низом ва дастгоҳи мукаммалу том ба ҳам муттаҳид кард ва баръакс, ба воситаи идеологияҳои  мухталиф метавон афроди  як миллатро ҳам ба гурўҳҳо ҷудо намуд ва ҳатто дар муқобили якдигар қарор намуд.

Афзалият пайдо кардани идеологияи диниву мазҳабӣ ва маҳалгароӣ дар байни миллати мо маҳз дар заминаи набудани идеологияи воқеии миллӣ ба вуҷуд омадааст, ки он ба ҷанги бародаркушӣ сабаб шуд.  Аз ин рў таъмини бартарияти идеологияи миллӣ бар идеологияи ифротгароии мазҳабӣ ва маҳалгароӣ дар шароити кунунӣ ягона воситаи боэътимоду устувор барои  таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти сиёсиву бунёди давлатдории мо маҳсуб меёбад. Ҳар як шаҳрванд бо шарофати худшиносӣ метавонад ба татбиқи идеологияи давлатӣ, ки барои ҷомеа муҳим мебошад, мусоидат намояд. Имрўз вазифаи асосии халқи Тоҷикистони мустақил ин доштани тасаввуроти возеҳ оид ба аҳамияти таърихии ғояҳои ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Вазъи ҳозираи  кишвар тақозо менамояд, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри дарки амиқи моҳият ва мундариҷаи ватандўстӣ бо мақсади табдили ин ғояҳо ба афкори ҳар як шаҳрванд ҷоннок гардад.  Ҳалли ин масъала аз фаъолияти мунтазами  ғоявии мақомотҳои давлатӣ,  созмонҳои ҷамъиятиву динӣ вобаста мебошад. Дар ин кор мебояд ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ободии кишвар ва пойдории фазои сулҳу субот дар он дастаҷамъона фаъолият намуд. Имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд  оиди аҳамияти таърихии ватандўстӣ ва хенштаншиносӣ маълумоти кофӣ дошта, арзишҳои онро риоя намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Тоҷикистон тамоми имкониятҳо мавҷуданд. 

Саркорбобоева М.М

 омўзгори кафедраи

умумидонишгоҳии

сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

 

 

v

Аз назар гузарониданд:177 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар