Маълум аст, ки баъди пошхўрии давлати абарқудрати Шўравӣ кишварҳои бар он аъзо озодиву мустақилияти худро эълом дошатнд, ки ин озодӣ ба кишвари мо низ расид. Дигар Тоҷикистон мутеъ ва дастнигари давлате набуд. Аммо, ба ҳама маълум аст, ки аксари давлаҳои шўравӣ ба барои қабули сохти демократия омода набудаанд. Аз ин рў, аз байн рафтани ҳукумати шўравӣ барои бархе аз кишварҳо хеле пайомадҳои сангине ба бор овард. Аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо ба ҷанги таҳмилии бародаркушӣ мувоҷеҳ шуда, ки зарари ҷониву молии ў солҳо роҳи рушду тараққиётро барои мардуми ин кишвар баст. Мансабталошии афроди ношоистае, дар оғози ташаккули давлати навини тоҷик боиси чандин сол қафо мондани Тоҷикистон сабаб гардид, ки баъдҳо хиёнаткорони асосӣ шинохта шуданд. Агар ба таърихи 26 солаи истиқлолияти миллӣ дар Тоҷикистон назар афканем, маълум мешавад, ки маҳз нақши сиёҳи ТЭТҲНИТ будааст, ки Тоҷикистони мо чандинсол оғуштаи ҷанги хонумонсўзи таҳмилӣ қарор доштааст. Баъдҳо бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, ки дар он вақт сарнавишти ҳаёту маоти кишварро ба дсти худ гирифта буд, танҳо бо пешниҳод намудани қисме аз мансабҳои давлатӣ оташи ҷанг хомўш гардид. Аз нуқтаи назари сиёсӣ боз ҳам нақши сиёси ин гурўҳи хиноатпеша маълум мешавад, ки барои мансабу ҷоҳ миллату давлат ва падару модари худро ба савдо гузоштаанд. Бо вуҷуди ба даст овардани сулҳу ваҳдат ҳанўз Тоҷикистон давлати қашшоқтарини минтақа маҳсуб мешуд, ки аксари давлатҳои маблағгузон бо ҳамкори ба Тоҷикистон розӣ набуданд. Зеро ба ин назар расида буданд, ки Тоҷикистон ин Афғонистони дувум мебошад. Дар оғози ташаккул ва эҳёи давлатдории навин хеле мушкилиҳо буданд, ки дар ин маврид низ танҳо сарвари кишвар ғами ояндаи халқу миллатро мехўрд. Ва он он мансабталошони ба сари мансабомада, ҳанўз ба ояндаи неки кишвар бовар надоштанд. Борҳо шуда, ки тасмими аввалинаи худро яъне сарнагун сохтани ҳукумати феълӣ ва ба исломӣ эълон доштани Тоҷикистонро пайрезӣ кардаанд. Маҳз бо шарофати тадбирҳои сиёсии Пешвои муаззами кишвар Тоҷикистон аксари мушкилҳои аз ҷанг мерос мондаро бартараф намуда, ба сўи пешрафтҳои ва стратегияи миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Тоҷикистон аз давлати ҷангзадаву пошхўрдаистода ба давлати рў ва тараққӣ табдил ёфт, ки албатта барои ба сатҳ расидани солҳо лозим буд. Аммо чунон ки мегўянд оқибат гургзода гург бувад, Гарчи аз одамӣ бузург бувад. Намояндагони ТЭТҲНИТ боз ҳам аз сари нақшаҳои ғаразмандона ва бади худ даст накашида, барои аз бурдодани давлат кўшишҳои зиёд карданд, ки ҳамаи ин тадбирҳои нанговари ин гурўҳ саривақт нақше дар об шуд. Ба хоҷагони хориҷӣ иртибот дошта сулҳи мардумро халалдор кардан, халқро аз ояндаи дурахшон ноумед сохтан, пешрафтҳои соҳаҳои мухталифро нодида гирифтан, нисбат ба ҳукумат ғаразҳои шахсӣ доштан ҳамеша вазифа ва кори намояндагони ТЭТҲНИТ будааст.
Пешвои муаззами миллат борҳо ба гурўҳи хиёнатпеша мусоҳила карда, ҳатто барои амнияти кишвар ва беҳбудии зиндагии халқ баландтарин мансабҳои давлатиро ба онҳо пешниҳод кардаанд. Ин гурўҳ бо пулу моли давлат шикам сер карда ба боварии халқ даромада, боз ҳам хиёнати худро давом доданд.
Хиёнатҳои бешумори аъзоёни ТЭТҲНИТ дар солҳои охир хеле зиёд ошкор гардида, нафрати халқро бедор кард. Аз баски мардуми тоҷик сулҳу ваҳдати миллиро ба ҷон харида буд, хиёнати ТЭТҲНИТ-ро набахшид. Аммо ин гурўҳ ба ҳар гуна роҳу восита мехостанд, ки дар Тоҷикистон шўриш барпо созанд ва вазияти ороми кишварро ноором созанд. Бояд эътироф кард, ки маҳз ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон яке аз давлатҳои амнтарин мебошад, ки кулли давлатҳои абарқудрат маҳз ба шарофати ҳамин сулҳу ваҳдати милли тоҷик дари муносибату ҳамкориро ба кишвари мо кушоданд ва Тоҷикистонро ба унвони як давлати аз назари амнияту сиёсат устувор шинохтанд. Мисли равшани ин матлаб дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани пешниҳоди муҳим Тоҷикистон дар масълаи об мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон дарҳои худро ба кишварҳои ҳамсоя кушод ва ба кишвари аз ҷиҳати аҳамияти старетегӣ дошта табдил ёфт, ки маҳз дастоварди истиқдолияти давлатӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин ТЭТҲНИТ натавонист пешрафт ва тараққиёти кишварро бубинад. Аз ин рў, кўшиш намуданд, ки мардумро ба шарофати азамати дину мазҳаб саргарм карда, аз сиёсату ҳукумат дилхунук созанд. Ҳоло он ки мазҳабу динро ин гурўҳи хиёнатпеша танҳо василае барои соҳиби давлат шудан интихоб намудаанд. Агар чунин набуд, ҳаргиз як фарзанди тоҷик барои амнияту сулҳли кишварашро халадор намудан ба нақшаҳои сиёҳи хоҷагони бегона ҳамоҳанг намешуд.
Агар аз нақша ва корҳои нанговари ТЭТҲНИТ сухан равад, саҳфаҳои зиёде заруранд, аммо ин андеша ба сари кас меояд, ки ҳайфи коғаз аст, ки корномаи ноҷавонмардонаи як гурўҳ хиёнаткорро сабт намоӣ. Мардуми тоҷик дарк кард, ки ТЭТҲНИТ ҳаргиз барои миллату давлат ва халқи тоҷик ҳатто заррае кори муфид накарда, танҳо барои хору зор ва сарнагун сохтани тоҷику Тоҷикистон кўшиш кардаасту бас.
Ҳомидова Манзура Иномовна
сармуаллимаи кафедраи
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии
ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров







