ба қафо
НАМОИШИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИИ АМРИКО ДАР ДОНИШГОҲ
2017-09-21
Дар толори лексионии факултети забонҳои хоричии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров намоиши барномаҳои таҳсилотии Амрико (USA Education programs) доир гардид. Дар семинар зиёда 100 нафар донишҷӯёну устодони донигоҳ ширкат варзида, дар бораи роҳҳои дарёфт намудани стипендияҳо барои таҳсил дар коллеҷу донишгоҳҳои Амрико маълумот гирифтанд. Дар ҷараёни семинари машаратӣ тарзи пур кардани апликатсияҳо ва талаботҳои донишгоҳҳои ИМА аз чониби намояндаи ташкилоти “Таҳсилот дар Амрико”-и назди сафоратхонаи Амрико дар Чумҳурии Точикистон Рухшона Мирзоортиқова маънидод карда шуд. Мирзоортиқова ҳамчунин дар бораи истифодаи сайтҳои маъмул ба хотири омузиши забони англисӣ ва супоридани имтихони TOEFL ва дигар санчишҳои лозимӣ барои дохилшавӣ ба донишгоххои Амрико маълумот дод.
Гуфта мешавад, ки ин чорбинӣ аввалин набуда, ҳамасола ба хотири ҷалби муҳасилин дер доираи барномаҳои мазкур гузаронида мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:514 нафар
баён кардани ахборот