ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТИИ ҲНИТ – ДУШМАНИ ВАҲДАТ
2017-12-16

Имрўз дар ҷаҳон глобалшавии раванди экстремизм ва терроризм афзуда истодааст, ки ин вабои асри 21 аст.  Бар зидди ин ифротгароӣ на фақат  давлат ва ҳукумати Тоҷикистон  балки дар тамоми дунё бо тамоми қувваю нерӯи худ баҳри решакан намудани ин омилҳои манфию зишт дар ҷамъият муборизаи пайваста дорад. Як чанд муддат имконият додани давлат  ва ҳукумат  барои озодона фаъолият бурдани ин ҳизб бар он оварда расонд, ки ҲНИТ нафақат сафи аъзоён ва пайравони  худро зиёд намуд, балки тавонист, ки шаҳрвандон ва ҷовононро бар зидди давлатамон монд. Чи хел, ки аз шабақаҳои оинаи нилгун филмҳои мустанадро дида истодаем ин ҳолати даҳшатангези таърих буд, ки бори дигар такрор шудааст. Ба ёд меоварем ҳанўз дар даврони Шўравӣ дар матбуот ё ки дар телевидение «доғҳои сафед»-и таърихро мешунидем ё мехондем. Ин солҳои 1936-37  буд, ки дар он давраҳои мухолифони Русияи чор равшанфикрони маҳалро  ба Сибир сургун мекарданд ва ё меандохтанд. Чи хел берўзи аст, ки инсон дар як мамлакат, дар як ҳудуд, дар як дин, дар як мазҳаб,   ... зиндаги мекунанду  ва онҳоро куштанба фармон медиҳад. 

Ҳадафи ҲНИТ маълум шуд,  ки тавассути табаддулоти давлати ҳокимиятро ба дасти худ бигирад ва ба мақсади худ бирасанд.   Тоҷикистон пойбанди ягон манфиати беруна нест, ки мақсадҳои ғаразноки  сиёсӣ дошта бошад,  балки баҳри нигоҳ доштани сиёсати давлату миллат, сулҳу ваҳдат якпорчагии ватани худ бо меҳнати суботкорона, дилу нияти пок ҳифзу муқаддас доштани  кишвари худ мубориза мебарад. Зеро, дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдади миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Э.Раҳмон қайд намуд, ки «Миллати тоҷик на  ҷангу зӯровариро, балки дӯстиву рафоқат, ободию озодӣ, бунёдкорию навовариро мароми зиндагии худ медонад».

Ҷўраева Н.Н.,

омўзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

 

Аз назар гузарониданд:378 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар