ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОҚИБАТҲОИ МУСИБАТОВАРИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ ҲНИТ ДАР ТОҶИКИСТОН
2017-12-16

Ин чи шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,

Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебина.

Дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир дар хамаи давлатҳои мардуми пешқада мехоҳанд ҳизбу ҳаракатҳои худашонро дошта бошанд, аммо аз мақому мавқеи он, ояндаи он фикр намекунанд, ки ин ҳизб ва ҳаракатҳои ташкилшаванда ба давлат ва миллат чи гунна фоида меорад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон низ ҳамин гунна ҳолат шуда буд. баъди пошхӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ тамом давлатҳои абарқудрат хостанд ҷумҳуриҳои хурд-хурди Иттиҳоди шӯравиро ба даст гиранд. Аммо роҳу василае, ки интихоб карданд барои мардуми ҳамон минтақа харобиовар буд. Тоҷикистони кӯчак дар пӯстини худаш ин вазъиятро чашида дидааст. Зеро баъди элон гардидани Истиқлолияти давлатӣ ҳаракатҳои гуногуни дохили ҷумҳурӣ ба ҷунбиш медароянд. Бархе аз онҳо мехост дар хақиқат ҳам барои ватанаш ва мардумаш хизмат кунад, аммо гурӯҳе мехостанд барои танҳо ишғоли мансабҳои баланди давлатӣ ҳамон ҳизбу ҳаракатҳоро корбарӣ кунанд. Иҷлосияи тақдирсози миллат роҳбареро интихоб намуд, ки дар оянда сади роҳи чунин хиёнаткорони ватнро гирифт.

Чунки он ҳолате ки ватани мо дошт ин ташкилкунандагонаш ба ҳамагон маълум аст, ки киҳо ва аз куҷо истода ба он роҳбарӣ менамоянд. Он ҳизбҳову ҳаракатҳои ҷадид ба мамлакати кучаки мо чи дод? Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Ҷанги бародаркуш чӣ овард, майдонҳоро ташкил кард, мардуми зиёдро сарсон гардонид, мурдаҳои тоҷик имрӯз ҳам дар мамлакатҳои ҳамсоя ғариб, сатҳи пасти иқтисодиёт, фанопазирии давлат, фалаҷшавии ҳукумат. Ҳамаи инро мо имрӯз  танҳо таъбирҳо гуфтанамон мумкин аст. Аммо мардуми дар он давра зиндагонӣ карда ва ҳодисаҳоро бо чашми сари худ дида, қадру манзалати оромӣ ва тинҷии давлату ҳукуматро мефаҳманд ва дарк мекунанд.

То ба ваҳдат омадани тарафҳо чандин мунавварфикрону истеъдодҳои баландпарвозро онҳо бо баҳонаҳои кӯчак ба қатл расонидаанд. Зарбаи сахтарин ин ба генофонди миллат задан даст, зеро бузургворе мегӯяд, ки агар хоҳӣ миллатро аз байн барӣ олимонашро нест кун… Дуруст аст, он донишмандону олимон, сиёсатмадорони барҷаста, санъаткорони боистеъдоди Тоҷикистонро ҳамон саркардагони бефаҳму беинсоф барои ҳеҷ як баҳона ба қатл мерасонанд.

Он даҳшате, ки дар байни мардум буд ҳамашро ҳамон ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба амал татбиқ намуд. Аммо ман намефаҳмам ҳамон мардуме, ки дар ҳамин хоку марзу бум таваллуд гардида, тарбия ёфта ба камол расидаанду боз ба он хиёнат мекунанд. Ин аз беақли аст ё аз гумроҳӣ чизе гуфтан душвор, аммо ба ҳар бобат ин вата наст, ин ҷои бунёди мо аст, ин хокҷои авлоду аҷдодони мо мебошад. Имрӯз бисёр мамлакатҳое ҳастанд, ки на давлат доранд, на сарзамин доранд, ягон ҳӯқуқи шаҳрвандию инсониро надоранд. Ин хел давлатҳо бисёр ҳастанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҷои ба давлатамон пешравӣ, обрӯву нуфуз дар арсаи байналмиллалӣ овардан, баръакс халаҳои зиёде ба амнияташ ворид сохт. Имрӯз ҳам онҳо аз дур истода корбарӣ мекунанд, аммо давлат имрӯз амнияти худро нигоҳ дошта метавонад. Имрӯз давлати мо сарҳадҳои худашро пурра ҳифз мекунад. Мардум си карда тавонистанд. Дигар дуюмбора ба роҳи нодруст намераванд. Фирефтаи суханҳои бардурӯғи ин гуна мардум намешаванд. Имрӯз роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ба давлати хориҷа гуреза аст, агар вай ҳақ мебуду талаботаш бар нафъи мардум мебуд худи давлат вайро ҳифз мекард, роҳи инкишофро низ муҳайё мекард. Аммо роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои сарнагун кардани давлати нақшаҳои калонро доштаанду мехостанд давлати осоиштаро нотинҷ кунанд. Мардум аллакай огоҳ аст аз мақсадҳои ғаразноки онҳо, бинобар ин ба суханҳои иғвогаронаи онҳо бовар намекунанд. Аслан худи ман ба муллоҳо он қадар боварӣ надорам, зеро аксари он муллоҳо имомҳои масҷид таърихи гузаштаи хуберо надоранд, ки барои мардуми боиси ибрат ва омӯзиш бошанд.  Қариб ҳамаи онҳо дар ҷавони боя гон корҳои пасту зишт машғул буда, имрӯз тавбакунон ба сари саҷда меоянд. Аммо ба таври «гургзода оқибат шавад гург» боқӣ мемондаасту халос.

Ман ҷавонони содатманди ватанамонро барои бештару пештар омӯхтани илмҳои мухталифи замон, сафар кардан ва сиёҳу сафедро дидан, шукр гуфтан ба амнияти ватан ва ба ободиву озодии он саҳм гузоштан даъват ба амал меорам.

Дар ягон ҷой ягон ҳазбу ҳаракатҳои ғайри давлатӣ барои пешравии мамлакаташ хизмат накардааст. Мисоли равшан давлатҳои арабӣ-Сурия, Яман ва дигар.

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд в-он кори дигар мекунанд.

(Ҳофиз)

 

Шарипова Муътабар-дотсентикафедраи забон ва адабиёти тоҷик

 

Аз назар гузарониданд:502 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар