ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БА АККОСИ САГ ПАРВО НАДОРЕМ...
2017-12-16

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо ҳадафи нек таъсис дода шудааст ва ӯ тамоми ҷавононро муттаҳид мекунад. Ин ташкилот натанҳо ҷавононе, ки дар дохили Тоҷикистон ҳастанд, балки ҷавонони ватандӯст ва миллатдӯсте, ки худ дар кишварҳои хориҷа ҳастанду ба тақдири Тоҷикистони соҳибистиқлол бефарқ нестанд, онҳоро низ муттаҳид хоҳад кард.

Ташкилот мақсад ва вазифаҳои худро дорад. Аз ҷумла, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас нақши ин ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони Тоҷикистон – “Созандагони Ватан” хеле бузург ва ивазнашаванда аст.

Бо сухани як нафаре, ки аз Ватан гурехта дар хориҷа, аз паҳлӯ ё пушти кадом “хоҷааш” паноҳ ёфтаасту имрӯз ба сӯи ватанаш санги маломат зада, номи ташкилоти “Созандагони Ватан”-ро бадном кардан хостааст, номи неки ин ташкилот ва ҷавонони Тоҷикистон ҳаргиз сиёҳ намешавад. Баръакс нафароне монанди Холиди Муҳаммадсаъид бо суханҳои дурӯғаш худашро ошкор мекунад ва дар асл кӣ буданаш маълум мешавад.

Холиди Муҳаммадсаъид аввал ҳамчун яке аз роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом бо эътиқоди мардуми шарафманди Тоҷикистон бозӣ карда, баъд ба хориҷа гурехта рафта, имрӯз бо мафкураи ҷавонони ватандӯст бозӣ карданро касб кардааст?!

Ташкилоти “Созандагони Ватан” аз маломатҳои чунин шахсҳо барҳам намехӯрад. Баръакс аз чунин айбҳои дурӯғ ҷавонони ватандӯст муттаҳидтар мешаваду барои тинҷӣ, оромӣ ва гул-гулшукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмат мекунанд.

Нисбати шахсоне, ки аз суди адолат ба хориҷа гурехта, аз дуру дуриҳо дар пушти “хоҷаҳо”-и бурунмарзиаш истода ба сӯи Тоҷикистон санги маломат мезанад, як сухани бузургонро такрор мекунем: “Саг аккос мезанад, вале корвон бепарво мегузарад”. Бале, мо ҷавонони ватандӯст имрӯз ба аккоси саг парво надорем, зеро мо роҳи равшани худро дорем...

Ҷавонони мо соҳиби ақлу заковат, дониши замонавӣ ва дар кишвари сулҳу осоишта зисту зиндагонӣ намуда, ба қадри сулҳу ваҳдат, хизмаҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасанд ва ҳамаи ин неъматҳои бузурги илоҳиро чун гавҳараки чашм нигаҳ медорем.

 

                                                     Бердишукуров А.

                                                

 

 

Аз назар гузарониданд:470 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар