ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
НАГУЗОРЕМ, КИ МАНФИАТҲО ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛИАМОН ПОЙМОЛ ШАВАНД...
2017-12-16

Имрӯз мардуми заҳматкаши ҷумҳуриамон аз фазои орому созанда шукргузорӣ намуда, ба оянда назари нек медӯзад. Лекин мо аз таҷрибаи талхи гузаштаи худро набояд фаромӯш созем. Зеро мегуянд, ки гузаштаро надониста, ояндаро бунёд кардан мушкил аст.   Созмонҳо, гурӯҳҳо ва равияҳои гуногуне буданд ва ҳастанд, ки пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ намехоҳанд. Яке аз ҷунин равияҳо ҲНИТ буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо умеде, ки он барои бунеду пешрафти Тоҷикистони навин қадамҳои созанда мегузорад, барои фаъолияти расмӣ иҷозат дода, аз амалу кирдорҳои пешинаи сарварону аъзоёнаш гузашт карда буд.  Вале солҳо гузаштанду мутаасифона ҳизби мазкур барои воқеан рушду нумӯъ кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол, ташаккули манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ камари ҳиммат набастанд. Баръакс, чӣ хеле ки огаҳӣ дорем, паси парда нақшаҳои дигар доштанд, ки  Давлату Ҳукумати Тоҷикистон доимо ҳушдор аст ва барои аз чунин нерӯҳои табоҳкор ҳифз намудани амнияти кишвар пайваста кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Ин буд, ки дар натиҷаи ошкор гардидани “барномаҳо”-и кориаш, ҲНИТ ҳамчун ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ карда шуд.

Ҷавонони моро зарур аст, ки аз ҳар як ҳодисаю воқеаҳое, ки дар кишварамон ба миен меоянд, пайваста огаҳӣ пайдо намоянд. Дарк намоянд, ки обод бунёд кардан қарзи фарзандии ҳар як инсони солимфикр дар назди Ватан – Модар аст. Барои ин  рӯ ба омӯзиши илму фарҳанг биёранду аз дирӯзу имрӯзи халқи хеш хабардор бошанд. Фирефтаи ғояҳои беруниву ғайр нагарданд. Он арзишҳои миллиеро, ки аҷдодони мо асрҳои аср тавонистанд то мо расонанд, аз даст надиҳем. Онҳоро ҳифз, рушд ва ба насли фардо солиму бегазанд расонида бошем.  Доимо барои амнияти Ватан бо кору фаъолияти худ ҳушдор бошем, зеро манъ кардани фаъолияти расмии ин ё он ҳизбу ҳаракатҳо маънои онро надорад, ки онҳо аз байн рафтанд. Онҳо дар беруни кишвар бо номҳои гуногун ошкорову пинҳонӣ ҳоло ҳам амал доранд.  Ҳоло ҳам баъзе ҷавонони фирефташуда ба ҷанголу доми онҳо меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар як инсоне, ки барои ояндаи фарзандонаш, халқаш, миллаташ бетараф нест, бо кору пайкораш ба сӯи ояндаи неки кишварамон қадамҳои устувору некбинона гузорад.

 

З.Ҳасанова, дотсенти кафедраи

умумидонишгоҳии фалсафаи ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров

 

 

Аз назар гузарониданд:491 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар