Яке аз зуҳуротҳои номатлуби олами имрўза, ки боиси ташвиши тамоми мардумони сайёра гардидааст ва бо номи «вабои аср» иштиҳор ёфтааст, ин терроризму экстремизм ва зуҳури гуруҳҳои ифротгаро мебошад. Боиси афсўс аст, ки ин гуруҳҳои муташаккил барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш аз ҳама гуна амалҳои нангину разилона даст намекашанд ва аз бетаҷрибагии бархе аз ҷавонон моҳирона истифода намуда, бо роҳи фиреб онҳоро ба самте мебаранд, ки поёнаш афсусу надомату пушаймонист. Ин ҷавонони ноогоҳу содда ва зудбовар қурбони мақсадҳои нопок гардидаву дар дилу дидаи наздикон доғу андўҳи гаронеро ба мерос мегузоранд, ки дар тамоми даврони зинадагии наздиконашон гаронтарину бедаво-тарин мушкилоти ранҷ хоҳад буд.
Ҷои таассуф аст, ки як гуруҳ ҷавонони ноогоҳу камсавод ва беиродаву зудбовари точик низ фирефтаи ваъдаву найрангҳои ин гуруҳҳои ифротгаро гашта, бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд ва ё шомили дастаҳояшон шудаанд, ки боиси паст задани шаъну эътибори мил-лати фарҳангсолору маънависози мост, зеро дар тамоми даврони ҳастии худ тоҷик бо фарҳангу шеъру адабиёт ва суруду мусиқии ноб мардумони соҳибзавқи оламро тасхир карда буд.
Бобати масъалаи мазкур, ки аз масоили глобалии сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд сухан ронда, таъкид намудаанд, ки: "Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи киш-варҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мена-мояд. Истифодаи "сиёсати дугона" нисбат ба терроризм ва экстре-мизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муш-тарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Дар ҳақиқат ин падидаи номатлуб, ки ҳадафаш вайронкориву харобиоварист ва нобуд кардану фано сохтан аст, бо дин, ба хусус бо дини мубини ислом пайванде надорад. Ин дастаҳо барои амалӣ сохтани мақсаду ғаразҳои нопокашон ва расидан ба ҳадафҳои сиёсиашон чунин гуруҳҳоро созмон дода, ҳамаи воситаву имконият-ҳоро истифода менамоянд. Бо ҳамин васила ба дили инсонҳо, ки бояд дар он тухми некиву накўкорӣ, муҳаббату дўстдорӣ, меҳрубониву қадршиносӣ, имону ихлос, ватанпарастиву хирадмандӣ кошта шавад, баръакс ҳисси бадбиниву нафрат, гуруҳбозиву тоифасозиро бедор намуда, ашхоси худкушу беномусеро тарбия медиҳанд, ки барои вай ватан, миллат, волидону наздикон ва дигар муқаддасоти инсонӣ беарзиш мешавад. Барои ин тоифа мардумон, ки мисли «манқурт» ҳастанд иҷроиши супоришҳои «хоҷагонашон» дар мақоми аввал меистад. Сарварони ин ташкилотҳои терористӣ ба чунин роҳгум-задагон маблағҳои калонро ваъда дода, таъкид месозанд, ки агар ту худро тарконӣ ба биҳишт дохил мешавӣ, аз ту то рўзи қиёмат пурсиш намешавад, ки фатвоҳои беасосу бардурўғ аст. Ин ҷавонони гумроҳ ба чунин суханони беасос бовар намуда, даст ба худкушӣ мезананд, дар ҳоле ки ин мамал дар Қуръон манъ карда шудааст. Мувофиқи таълимоти Қуръони Карим куштани инсони бегуноҳ ва рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшиданӣ. Дар ин бора Худованд чунин мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадқасдона инсонеро мекушад ҷояш ҷаҳаннам буда, дар онҷо то абад хоҳад монд». Аллоҳ ба ў ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муқаррар мекунад (Қуръон 4; 93). Оёти 151-сураи Анъом бошад куштани инсони бегуноҳро дар ҳама динҳои осмонӣ мамнуъ сохтааст. Аз ин рў ҷанговарони «Давлати ислмомӣ» набояд даъвои ҷиҳод кунанду худро муҷоҳид шуморанд, зеро хуни бегуноҳон ва бародарони мусулмони худро рехта аҳли хонадон ва хешону пайвандони онҳоро гирифтори дарду алам менамоянд.
Ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиносро зарур аст, ки бобати масъалаи мазкур ҷиддӣ муносибат карда, барои напайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ чораҷўӣ намояд. Мо набояд воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро фаромӯш кунем, зеро барои миллати мо он воқеаҳо дарси таърихӣ хоҳад буд. Аз ин рў мо дар якҷоягиву ҳамбастагӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ наме-гузорем, ки андешаи бегона барои роҳандозии ҷавонони мо даст дошта бошад.
Маҳмадшоев Маҳмадшо
дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров







