ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУБОРИЗАИ ҶОМЕА БО ҲНИТ
2017-12-16

Яке аз масъалаҳои марказие, ки чун доғи рӯз дар тамоми васоити ахбори умум баррасӣ гардида истодааст, ин масъалаи ҲНИТ мебошад. Аз як тараф агар рӯзноманигорон ба омма ин масъаларо баррасӣ намоянд, аз ҷониби дигар худи шаҳрвандон низ аслу моҳияти ин ташкилотро дарк намуда истода, фикру акидаҳояшонро иброз дошта истодаанд.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо барномаҳои муайян чун ҳизби қонунию сиёсӣ барои фаъолият дар кишвар иҷозат гирифта буд. Вале бо гузашти вақт маълум гардид, ки он нақшаю барномаҳо танҳо дар рӯи қоғаз буда,  нақшаҳои асосии роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизб тамоман самти дигар доштаанд.

Аз рӯи маълумотҳое, ки судяи Суди Олӣ Азизов Шамс Одинаевич дар мусоҳиба ба рӯзноманигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шарифи Ҳамдампур додааст, аъзоёну роҳбарони ҲНИТ дар бисёр ҷиноятҳои вазнин, чун куштор, суиқасд, кӯшишҳо барои табаддулоти давлати даст доштаанд. Аз ин рӯ, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шуд.

Дар ҷомеаи чаҳони боз як вабои нав чун ДИИШ реша рондааст, ки тамоми ҷаҳон бо он дар мубориза аст. Зеро ДИИШ аз як тараф боиси нооромӣ, ҷанг, талафоти ҷонию иқтисодӣ ва пастравии ҳаёти ҷомеа дар минтақаҳо гардад, аз ҷониби дигар боиси вайронии тасаввуроти аҳли динҳои дигар дар бораи дини Ислом шуд. ДИИШ аз хатарноктарин, вазнинтарин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ буда, солҳои охир тамоми оламро бо куштору ваҳшоният, қатлу хунрезиҳои бемисл нигарон кардааст. Кору амалҳои ҲНИТ – ро таҳлил намуда, бе ягон шак онро низ дар радифи ДИИШ гузоштан мумкин аст. Аз ин сабаб имрӯз давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо тамоми қувваю  нерӯи худ баҳри решакан намудани ин омилҳои манфию зишт дар ҷамъият муборизаи пайваста  дорад. Амалҳои ғайриинсонии ин ташкилотҳо мардуми инсондӯсту сулҳхоҳро водор мекунад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро он чун бемории саратон метавонад ҳар лаҳза ногаҳонӣ дар вуҷуди инсоният захме занад.

З.Ҳасанова - омӯзгор

 

 

Аз назар гузарониданд:462 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар