«Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд»
аз Паёми Президенти кишвар (аз 22.12.2016)
Шояд имрӯз ҳеҷ як дине дар доираҳои илмӣ ва таҳқиқотии ҷаҳон монанди ислом мавриди таваҷҷуҳ ва баҳсу мунозираҳои зиёд қарор нагирифта бошад. Исломро метавон аз динҳои пурқудрат ва қобилияти ҳаётӣ доштаи замони муосир ба қалам дод.
Ҳамоно баъд аз вафоти паёмбари ислом - Муҳаммад дар натиҷаи ихтилофҳо ва муборизаҳои сиёсӣ бар бинои якпорчаи исломи даврони паёмбар рахнаву парокандагӣ ба вуҷуд омад ва дар натиҷа мусулмонон ба аҳзобҳо тақсим шуданд. Пас аз вафоти паёмбари ислом чизе нагузашта буд ва ҳатто, ҳанӯз ӯро гӯр накарда буданд, ки ихтилоф дар атрофи ҷонишинии ӯ, яъне дар масъалаи интихоби халиф - шахси ҷонишин, идомадиҳандаи кори паёмбар, пешво ва роҳбари сиёсӣ ва мазҳабии давлати исломӣ б а вуҷуд омад. Зиддият байни чанд гурӯҳ буд. Яке муҳоҷирон, онҳое ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карда буданд, дигаре ансор, онҳое ки Муҳаммадро ба Мадина даъват карда, ба ӯ пайвастанд ва барои дифоъ аз ҷону молаш паймон баста буданд, сеюм онҳое буданд, ки тарафдории халиф аз хонадони Муҳаммад мекарданд, яъне тарафдорони Алӣ ибни Абӯтолиб амакбача ва домоди Муҳаммад. Худи паёмбар бевосита ба тарзи равшану ошкоро пеш аз вафоташ, агар ҳадиси Қадири Хумро ва чанд мавриде, ки ахди ташайюъ ба онҳо ҳамчун санади таъйини халиф ишора кардаанд, ба инобат нагирем, касеро ба ҷои худ таъйин накарда буд, фақат дар чанд рӯзи бемории ӯ Абӯбакр симмати имомати намозро дар масҷид дошта, он ҳам ба ҳурмати калонсолиаш.
Дар аввал ислом ба ду фирқа ё ду ҳизб: шиъӣ ва суннӣ тақсим шуд. Дар навбати худ дар дохили ин ду, фирқаҳои зиёди мазҳабию сиёсӣ ва илоҳиётиву фалсафӣ ба вучуд омаданд ва ваҳдати сиёсиву ғоявии исломро аз байн бурданд. Ҳарчанд ин гуна падидаҳо дар таърихи адён амри табиӣ ҳастанд, чунки бо мурури замон ва тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ ихтилофот дар манофеъу аҳдофи гурӯҳҳои сиёсӣ меафзояд ва чун дин шакли ягонаи мафкураи хукмрон дар он замон ба шумор мерафт, ҳар гуна ҳаракатҳои мухолифи дастгоҳи сиёсӣ ногузир шакли мухолифати диниро мегиранд. Аз ин нуқтаи назар гуногунии мазҳабу фирқаҳо дар ислом ифодаи ҳамин гуногунии манфиатҳои сиёсӣ мебошанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин омӯзиши ҷараёни таҳаввули мазҳабию сиёсии ислом ва пайдоиши фирқаву мазҳабҳо ҳамчун шакли зуҳури ихтилофоти номбурда барои фаҳмидани ҳолати идеологию сиёсӣ ва маънавию руҳии давраҳои алоҳида ва алалхусус дарки решаҳои таърихии ҳолати имрӯзаи ислом муҳим ва зарур аст.
Ногуфта намонад, ки мувофиқи эътирофи анъанавии уламои ислом пайдоиши чунин ихтилофҳо қаблан аз тарафи худи паёмбари ислом пешгӯӣ шуда ва табиӣ дониста мешавад. Тибқи анъана ва эътирофи ҳамагон дар ҳадиси маъруфе паёмбари ислом фармудааст: "Маҷус (зардуштия) ба ҳафтод фирқа, яҳудия ба ҳафтоду як фирқа, насрония ба ҳафтоду ду фирқа тақсим шудаанд ва уммати ман ба ҳафтоду се фирқа тақсим хоҳанд шуд ва танҳо яке аз онҳо ночӣ-наҷотёфта (аз оташи дӯзах) мебошанд". Пурсиданд: "Кист он ки начот меёбад?" Расули Худо фармуд: "Аҳли суннат ва чамоъат". Боз пурсиданд: "Аҳли суннат ва чамоъат кистанд?" Гуфт: "Онҳое, ки он чи имрӯз ман ва саҳобаҳои ман бар онанд риоя мекунанд". Яъне ончунон ки ман ва саҳобаҳоям кору амал ва хулқу рафтор дорем, кору амал ва хулқу рафтор доранд. Ангезаи пайдоиши мазҳабҳо ва фирқаҳо дар ислом илова ба масоили иҷтимоию сиёсӣ ихтилофҳо ва зиддиятҳои назариявӣ дар атрофи масоили динию илоҳиётӣ будаанд. Аз ин рӯ, мазҳабу фирқаҳо ва ҷараёнҳои исломиро мо ба ду даста: чараёнҳое, ки дар заминаи ихтилофоти ғоявию динию фалсафӣ ба вуҷуд омадаанд ва фирқаҳое, ки дар заминаи ихтилофоти иҷтимоию сиёсӣ ба вучуд омадаанд, тақсим мекунем.
Пайдоиши мазҳабҳо, мактабҳо, чараён ва фирқаҳои гуногун сабаби пайдоиши як соҳа ва шохаи илми наве дар доираи маорифи исломӣ гардид ва он натанҳо аз лиҳози шинохти ислом, балки ҳамчунин аз лиҳози диншиносӣ ва таърихи дин, низ ҳоизи аҳамият аст, чун дар доираи он масъалаҳои шинохти динҳои дигар ва умуман баҳсҳо дар масоили диншиносӣ низ чой доштаанд. Ин илмро шарқшиносон шартан бидъатнигорй (ересиография) номидаанд, ки ба омӯзиши фирқаҳои исломӣ, таърих, иллати пайдоиш ва таълимоти онҳо бахшида шудааст. Бидъат дар забонӣ арабӣ ба маънии навоварӣ, навигарӣ ё шаккокӣ дар умури динӣ мебошад. Аксари фирқаҳое, ки дар ислом ҳастанд аз назари исломи расмӣ бидъат ба шумор мераванд.
Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ ҳарчанд дар бораи фирқаи шиъа танҳо дар боби шашуми китобаш маълумот додааст, аммо дар оғози китоб ба тартиб дар бораи ихтилофҳои аввалин сухан мегӯяд ва дар қатори аввалин ихгилофҳо, ки баршуморидааст муҳимтарин ихтилоф, ки баъдан сабаби ҷудоӣ дар ислом шуд, имомат низ ҳаст, ки ӯ онро ҳамчун панҷумин ихтилоф баён кардааст. Бояд гуфт, ки ҳарчанд заминаи ихтилоф ва чудоӣ, чунон ки гуфтем, било фосила баъд аз вафоти Муҳаммад ба миён омад, ҷудоӣ ва зиддияти шадиди сиёсӣ дар замони хилофати халифи сеюм Усмон (солҳои 644-658) зоҳир шуда, тамоми давраи хилофати Умавиён рӯ ба афзоиш буд.
Аввалин доъиёни машҳури мазҳаби ташайюъ Абӯзари Ғиффорӣ, Микдод ибни Асвад ва Салмони Форсӣ буданд. Дар коркарди асоси назариявии имомат Абдуллоҳ ибни Саббоҳ, ки аслан яҳудӣ буд саҳми зиёд гузоштааст. Абдуллоҳ ибни Саббоҳ ақида дошт, ки Муҳаммад намурдааст ва ӯ мисли Исои Масеҳ бозмегардад ва Алӣ дар замони ғайбати ӯ васӣ-ҷонишини қонунии ӯст. Имомат аз диди аҳли ташайюъ амри илоҳист ва наметавонад интихобӣ бошад ва он чун паёмбарӣ аз иродаи Худо вобаста аст. Онҳо барои асоснок кардани ин ақидаи худ назарияе кор кардаанд, ки тибқи он дар Алӣ низ чун дар Муҳаммад нури илоҳӣ асар намуда ва аз ӯ ба авлоди ӯ ворид гардида, аз ин рӯ имомат фақат меросӣ метавонад бошад. Аҳли суннат ин ақидаро қабул надоранд ва имоматро интихобӣ мешуморанд.
Мазҳабпарастӣ дар дига динҳои ҷаҳонӣ ҳам арзи вуҷуд дорад. Маълум, ки дини насронӣ дар заминаи дини яҳудия ба вуҷуд омад ва асосгузори он Исо аз яҳудиён буд. Аз ин рӯ, дар аввал дар замони худи Исо ва дувоздаҳ шогирди ӯ дини насронӣ ҳамчун як фирқаи яҳудия ба шумор мерафт ва пайравони он тақрибан тамоми маросимҳои яҳудиро иҷро мекарданд. Махсусан, маросими хатна кардан ва риояи ҳарому ҳалоли он дин ҳатмӣ буд. Аммо, дини насронӣ оҳиста-оҳиста берун аз ҳудуди миллати яҳуд ва Фаластин нуфуз кард ва дар қаламрави империяи Рим густариш ёфта, кам-кам сурати дини мустақилро мегирифт.
Павелро дар воқеъ метавон дуввумин муассиси масеҳият номид. Ҷидду ҷаҳди ӯ дар роҳи коркарди илми илоҳӣ (теология) ва ислоҳи шариати он сабаб шуд, ки дини насронӣ - дини ҷаҳонӣ гардад.
Павел аз рӯи анъанаи насронӣ дар оилаи яҳудии шаҳрванди Рим, дар шаҳри Тарси Осиёи Хурд таваллуд шудааст. Ӯ дар аввал аз онҳое буда, ки насрониёнро таъқиб мекарда, вале баъдан яке аз мубаллиғони фидокори дини насронӣ дар Осиёи Хурд гардид ва ба насроният хусусияти ғайримиллӣ додааст.
Баъд аз Павел таҳаввули насроният аз тариқи пайдоиши фирқаҳо ва равияҳо сурат мегирад. Аввалин ихтилофот ҳанӯз аз нимаи асри як шурӯъ гардидаанд. Пайдоиши ҷараёнҳои тоза, ташаккул ёфтани ҷазмиёт ва расмияти ибодат оҳиста-оҳиста дар охири асри як ва ибтидои асри II дини насрониро пурра аз яҳудия ҷудо кард. Баробари густариш ёфтани насроният ва заъиф гаштани империяи Рим дар охири асри II таркиби иҷтимоии пайравони дини нав низ тағйир меёбад. Ба он табақоти косибону ҳунармандон ва ҳатто сарватмандон низ дохил мешуданд. Оҳиста-оҳиста насроният ва пайравони он аз таъқиб ва шиканҷаҳо халос мешаванд ва дар аввали асри IV империяи Рим сиёсати ҳимояву пуштибонӣ аз ин динро пеш мегирад. Ниҳоят, соли 313 император Константин фармонеро имзо кард, ки ба масеҳият чун динҳои дигар ҳуқуқи баробар медод ва аз паси он соли 324 расман дини масеҳиро дини расмӣ-давлатӣ эълон кард. Соли 325 мелодӣ ба раёсати худи император Константин аввалин анчуман (собор)-и калисоҳои насронӣ дар шаҳри Никеӣ шуда гузашт, ки дар роҳи устувории ин дин нақши арзандае гузошт. Вале бо ин таҳаввули насроният хотима наёфт. Дар ҳамин анҷуман нахуст эътиқоднома, ё худ усули дини масеҳӣ қабул карда шуд.
Ҳамзамон бо пароканда гардидани империяи Рим чудоӣ дар дохили калисои насронӣ афзудан гирифт ва дар натича он ба чор калисои худмухтор (автокефалй)-и Константинопол, Искандария, Антиох, Иерусалим тақсим гардид.
Дар натиҷаи ин ихтилоф равияҳо ва фирқаҳое дар қисмати шарқии империяи Рим ба вуҷуд омаданд, ки муҳимтарини онҳо: ариёнҳо (Arius), Апуллинариҳо (Apollinarius), Настуриҳо (Nestorius), Монофизитҳо ва Яқубитҳо (Jacobites), Монотелитҳо (Monothelites), Иконоборҳо (Iconoclastes) буданд.
Ин ихтилофҳо сабаби он шуд, ки дар соли 451 калисоҳои насронӣ ба ду қисм: шарқию ғарбӣ тақсим шуданд.
Ихтилофи ҳосила байни калисоҳо, пас аз тақсим шудани империяи Рим ба шарқию ғарбӣ (соли 395), расман соли 1054, ба ташаккули ду равияӣ бузурги насроният: католикӣ ва православӣ (ортодокси шарқӣ) сабаб шуд.
Протестантизм (эътирозиён) яке аз се равияӣ бонуфузи дини насронӣ буда, дар асари наҳзати густурдаи ислоҳ (реформатсия), ки алайҳи равияӣ католикӣ дар асри XVI шурӯъ шуда буд, ба вучуд омадааст. Протестантизм аз Олмон бо наҳзат ва таълимоти Мартин Лютер (1483-1546) оғоз гардида, баъд аз сари ӯ тамоми Аврупоро фаро гирифт. Ин наҳзатро пас аз Лютер Томас Мюнсер (наз. 1490-1525), Улрих Свингли (1484-1531), Жан Калвин (1509-1564) сарварӣ кардаанд. Омили асосии пайдоиши ин чараёни нави насронӣ зуҳури табақаи нави иҷтимоӣ бо номи буржуазия ва по ба арсаи вуҷуд ниҳодани сохти нави ҷамъиятӣ, яъне сармоядорӣ буд.
Дар натиҷаи ҷудо шудани ба мазҳабҳои гуногун дар динҳои ҷаҳонӣ ихтилофҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Ин амалҳо солҳои дароз дар байни ин мазҳабҳо ба муноқишаҳои хунрез сабаб гардид. Мисол, то ҳол байни католикҳо ва протестантҳои Британияи Кабир мубориза шадид давом дорад. Ё ин, ки ҳарчанд Алӣ пас аз қатли Усмон (аз соли 658-661) ба хилофат расид, вале пас аз қатли ӯ (с.661) боз то соли 750 охирин соли ҳокимияти Марвони дуюм хилофат дар дасти умавиён боқӣ буд. Дар таърихи мазҳаби шиъа фочиаи Карбало, ки дар он писари дуюми Алӣ Ҳусайн бо хонавода ва ҳамроҳонаш ба дасти сарлашкари Язид ибни Муъовия - Саъд ибни Ваққос кушта шуд, хеле ҳодисаи ҳамосии таъсирнок аст ва дар ташаккули шиъа нақши зиёд дорад. Имрӯз дар байни мардумони сунъиӣмазҳабон ва шиамазҳабон дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ, ва Яман хамингуна ихтилофҳо ба ҷанги мазҳабӣ табдил гардил, ки хотимаи ин воқеҳо дида нмаешавад. Ин гуна ихтилофҳои мазҳабӣ дар динҳо ваҳдати диндоронро решакан карда, дар онҳо ҷудоиро пайдо мекунад, ки ин манфиати баъзе давлатҳои абарқудрат ва ашхосҳои гуногун мебошанд.
Мутафаккирон ва диншиносони мо соҳиби истеъдоди олӣ буда, дар осорҳои хеш бо намояндагони мактабу равияҳои мухталифи илмиву сиёсӣ ва фирқаву мазоҳиби исломиву ғайриисломӣ баҳсҳо намудааст. Онҳо дар осору таълифоташ ба хотири дифоъ аз қонун, волоияти он, суботу оромии ҷомеа андешаву мулоҳизоти асҳоби ақл ва арбоби нақл дар ҳалли масоили ихтилофангез нақл ва ақлро бо ҳам ошно сохтанд ва аввалин шахсоне буда, дар фарҳангӣ исломӣ тавозуни ақл ва нақлро ба вуҷуд оварданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити комилан мутазоди таърихӣ ба асри нав ворид гашт, ва ин гузариш ба марҳилаи ҷадиди такомулу дигаргуниҳои бузурги бунёдии илмиву фарҳангӣ ниёзтарҳи наву тозае дорад. Дар оғози ин аср мо ҳамагон шоҳиди натиҷаҳои ниҳоии он таҳаввулоте шудем, ки аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ва раванди мантиқию ҷавҳарии худ бар асоси нақшаҳои муайян ва арзишҳои мушаххас тарроҳӣ гардиданд. Ин арзишҳо модернизм, гуногунандешӣ, фардгароӣ ва динро дар бар гирифтанд, ки дар маҷмӯъ якрангу якнаво набуда, бар мазкур аз як тараф боиси пешрафту инкишоф шуда бошанд, аз тарафи дигар рӯйдоду зуҳури шуму ифротгароёнаи глобализмро ба арсаи оламу таърих оварданд.
Бидуни шакку тардид глобализм ба сарнавишти таърихии инсоният ва ҷавҳарии дурнамои он таъсири рӯзафзун ва пайваста мегузорад. Воқеан ҳам ҳамин ҷаҳонишавӣ буд, ки некӯаҳволии мардум, техникаву технологияи ҷадид, истеҳсолот ва истеъмолот, ошкорбаёниву гуногунандешии демократиро амалан татбиқ сохт ва боиси наздикшавии аҳолии сайёра ва рушду нyмӯи кишварҳо ва халқҳо гардид. Лекин глобализм бо ҳадафҳои шуму худкомаш мӯҷиби паҳншавӣ ва тавсеъаи терроризму экстеримизм, амалҳои зӯроварии кишварҳо ба сари якдигар, харобу валангор сохтани шаҳрҳои обод, қатлу куштори миллионҳо одамони бегуноҳ, буҳрони марговари иқтисодиву иҷтимоӣ, коҳиши захираҳои табиӣ, гармшавии иқлими замин, аз байн рафтани арзишҳо ва фардияти миллӣ гардид.
Ба хотири таҳияи чунин модели нави муносибатҳои инсонӣ аз ҷониби муҳаққиқон ва сиёсатмадорони кишварҳое, ки масъалаи ҳастӣ ё нести онҳо мераванд, корҳои назаррас дар такя бар демократия, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаҳо, ки ба фарҳангу тамаддунҳои мухталиф тааллуқ доранд, анҷом пазируфта истодаанд. Зеро, ақли пурсишгари онҳо ба хубӣ дарк намудааст, ки дар чунин зербинои заъиф, ки дар натиҷаи раванди глобализм ва сиёсати ғаразолуди кишварҳои қудратталаб ба вуҷуд омадааст, ки наметавон ҷомеаи ҷаҳониро аз бӯҳрони бунёдӣ, ки бӯҳрони иқтисодӣ танҳо як бахши он аст, раҳо бахшид ва миллионҳо инсонҳоро аз марг наҷот дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо доир ин масъала ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва аз тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоди давлатҳо ва дар маҷмӯъ инсоният хоҳад бурд. Мисоли равшани он ҷанги беохири Фаластину Исроил, ҷанги беш аз сисолаи Афғонистон, ҷанги мазҳабии Ироқу Сурия ва низоъҳо дар мамлакатҳои дигари Араб аст, ки то имрӯз, мутаассифона башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст ва агар ба ҳамин минвол ва дар чаҳорчӯби арзишҳои модели муосири байналмилалӣ пеш равад, шояд садсолаҳои дигар низ ҳалли ин муамморо наёбанд.
Миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, ки ҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҷароҳати он захм сиҳат нагаштааст ва шояд ин ҷароҳат ҳамеша боиси нороҳатии мо бошад, чунки халқи тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш бар сари ҳеч қавму миллате ва болотар аз он, бар сари халқи худ теғ накашидааст. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ, ҷудоишавии мазҳабӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирад, ки ин фалсафаи адами зӯроварии мардуми моро ифода мекунад.
Равшан Усанов,
Абдунаим Бердишукуров,
дотсентони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров







