ба қафо
ҶАЛАСАИ ДАСТУРДИҲӢ ОИД БА ЛИБОСҲОИ ТАСИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГӢ
2017-09-22
Бо мақсади баррасӣ ва фаҳмонидани мазмун ва мўҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №274 аз 08.06.2007 ва ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни мазкур, Фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2007 Таҳти №1889 «Дар бораи тасдиқи дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» ва Низомномаи донишгоҳу тартиботи дохилии факултет яъне факултет санаи 21.09.2017 педагогӣ маҷлиси духтарон баргузор карда шуд, ки дар кори он донишҷӯдухтарони факултет Дар маҷлис дотсентон М. Каримова, Д. Абдуллоева, сармуаллимон М. Мухторова, М. Азимова, О. Қаюмова, З. Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси Шўрои бонувони факултет сармуаллима М. Азимова оид ба мазмун ва мўҳтавои Фармони Вазири маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.10.2007 таҳти №1889 «Дар бораи тасдиқи Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» сухан ронда, аз донишҷўён даъват ба амал овард, ки риояи талаботи Фармони мазкур аз ҷониби духтарон шарт ва зарур буда, дар ҳолати вайрон намудани талаботи он то ба хориҷ пешниҳод кардани донишҷў пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҷаласаи мазкур духтарони факултет низ оиди саривақтӣ ва муҳимияти қонунҳои номбурда ибрози ақида ба амал оварда, тазаккур намуданд, ки онҳо ҳама гуна тақлидкориҳои бемаънии бегона ва либоспӯшии ғайри миллиро маҳкум менамояд.
Гуфта шуд, ки минбаъд бо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯши миллӣ ва аз байн бурдани тақлидкориҳои бемаънӣ дар факулта озмунҳо оид ба фарҳанги либоспӯшии миллӣ баргузор хоҳанд намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:781 нафар
баён кардани ахборот