Бо он ки ҷанбаҳои фаъолиятҳои экстремистӣ ва терростии мамнуъшуда дар Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати ислом собит шудааст, аммо ҳанўзам пайравону аъзои он дар хориҷ аз кишвар ба сиёҳ кардани номи кишвари мо машғул ҳастанд. Имрўз дар расонаҳои электронӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар роҳу восита онҳо кишвари худро бадном карданӣ мешавад. Пеш аз ҳама бояд ба як нукта таъкид намуд, ки ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ мавқеи оид ба масъалаҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллатро дар замони фаъолият надошт. Бо онки 15 сол Муҳиддин Кабирӣ дар курсии вакилии маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон нишаст, ҳеҷ коре ба манфиати давлату миллат ҳатто ҳизбаш анҷом надод. Маълум гардид, ки ў метавонист яке аз навбатҳои вакилиашро ба дигар аъзои ҳизб диҳад, ҳатто ин корро накард. Баъдан, парда аз рўи бисёре асрори пайравони ин ҳизби манъшуда бардошта шуд. Маълум гардид, ки на танҳо онҳо аз назари ахлоқӣ ба кирдорҳои шоиста даст заданд, баробари ин ҳатто ба миллату давлат хиёнат карданд. Натиҷаи ҳамин рафторашон буд, ки ҳизби мазкур аз даруни хеш вайрон гардида, аксари аъзои он бо фаҳмидани ҳақиқати ҳол бо ихтиёри хеш тарки аъзогӣ намуда, ҳатто дар шаҳру ноҳияҳои бо хоҳиши хеш фаъолиятро қатъ карданд.
Дигар аз ҷанбаҳои номатлуби фаъолияти ин ҳизби терростӣ ва экстремистӣ дар барангехтани ихтилофоти мазҳабӣ дар кишвар ба шумор меравад. Ҳарчанд имрўз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро намояндагони маҳзаби ҳанафия ташкил медиҳанд, дар замони амалкарди худ ҲНИТ бешар аз ақидаҳои салафият, ҳизби таҳрир ва шиа ҷонибдорӣ намуда, ҳатто дар тарғиби онҳо саҳм гирифтааст. Ин худ аз он дарак медод, ки ин ҳизб ва пайравони он бо истифода аз дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ талош намуданд, ки супоришҳои онҳоро ба иҷро расонида, ҳадафҳои нопоки хешро пайгирӣ карданд. Хушбахтона, онҳо ба мақсад нарасиданд ва мақомоти тоҷик бо ҳушёриву зиракии баланди сиёсӣ аз ниятҳои нопок огоҳ гардида, барои пешгирии он кўшиданд. Дар натиҷаи пешгирӣ аз ошуби генерал Назарзода фаъолиятҳои пинҳонии ин ҳизби экстремистӣ кашф гардид. Ба ҳамаи ин корҳои дар муқобили Ватани худ анҷомдода имрўз низ душмании худро намояндагони ин ҳизб ба сиёҳ кардани машғул аст.
Раҳматов Шўҳрат
ноибдекани бахши таълими
факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров







