Таи чанд соли охир ҳодисаҳое, ки дар кишварҳои Покистон, Афғонистон, Сурияву Ироқ, Фаронса, Англия ва дигар мамлакатҳои дунё ба вуқуъ пайваста истодааст, ба ҳақиқати ин амр ишорат мекунанд, ки имрўз сайёраи моро гуруҳе аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ки аз номи ислом баромад мекунанд, зери хатар гузошта, дар асл барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҳаёти осоиштаи мардумро халалдоре мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди ҳамоишу конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ин нукта таъкид намудаанд, ки «ислом ҳеҷ робитае ба терроризми байналмилалӣ надорад”, Ин нукта сарчашма дар он дорад, ки аз нигоҳи дини мубини ислом бузургтарин гуноҳ рехтани хуни мўъминон аст.
Нуктаи дигари таассуфовар он аст, ки имрўз вуҷуд омадани созмонҳову азҳоби ба ном динӣ, ки дар саргаҳи онҳо ДИИШ, Ҳизбуттаҳрир, ҷараёнҳои салафияву ваҳҳобия қарор гиирфтаанд, аслан ҳеҷ робитае ба асли фарҳанги исломӣ надоранд,. Ин ҳизбу ҳаракатҳо имрўз на танҳо номи ин дини мушаррафро бад карда истодаанд, балки заминаҳое баҳри куштори одамони бегуноҳ дар саросари сайёра ва харобиҳо мегарданд, ки таркишҳои чанд рўз қабл дар шаҳри бузурги Англис Манчестер, истгоҳи шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия, шаҳри Кобули Афғонистон ба вуқуъ пайваста аз ин амр шаҳодат медиҳад.
Имрўз зарурати он пеш омадааст, ки барои пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб ва ҳаракатҳои ба ном терростистиву экстремистӣ тамоми ҷомеа саҳмгузорӣ намояд. Бо дарки хатари ҷиддии экстремизм ва терроризм ба ҳаёти инсон ва куллан ба тамоми сайёра маҳз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм қабул гардид, ки ин барномаи бузурги давлатӣ моро вазифадор мекунад, ки имрўз барои расидан ба ҳадафҳо ва кам намудани сафи ҷавонони ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомилшуда иқдом намоем. Нуктаи аввал ва муҳиму зарурӣ он аст, ки бояд дар мактабҳову донишгоҳҳо корҳои тарғиботиро ҷоннон намуда, ҷавононро пеш аз ҳама ба омўзишу пажўҳиш ва корҳои мутолеаи осор ва дигар тадбирҳои муҳим, таъмини ширкат дар озмуну чорабиниҳои фарҳангиву маърифати даъват намоем. Машғул шудани ҷавонон ба дарсу маърифатандўзӣ, мутолеаи осори мухталиф, аз ҷумла китобҳои бадеии тарбиявӣ метавонад холигоҳии фикрии онро бо донишу маърифат пур намуда, нагузорад, ки онҳо фирефтаи ҳар гуна ақидаҳои номатлуб ва афкори зараровари ин гурўҳҳо шаванд.
Дар канори ин, имрўз ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба чорабиниҳои варзишӣ, маърифатӣ, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хобгоҳҳоу дигар макони бештари фароҳамоии ҷавонон зарур аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо назардошти ҳамин ҷанбаҳои муҳими зарурати ҷалби ҷавонон ба корномаҳои фарҳангиву навоварӣ, омўзиши технологияҳои муосир дар Паёми навбатии хеш таъкид намуда буданд, ки бояд маҳфилҳои илмиву эҷодӣ бештар карда шавад ва баробари ин ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон тадбирҳои амалӣ аз сар гирифта шавад.
Албатта, ин хатар имрўз ба тамоми сайёра таҳдид мекунад, ки Тоҷикистони азизи мо низ чун узви ин сайёра аз он берун намемонад. Моро зарур аст, ки барои ҳар чӣ бештар решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ва ё ин вабои аср пеш аз ҳама дар ҷодаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гуруҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, онҳоро барои расидан ба зиндагонии шоиста, инчунин ҳамқадами замон будан ва омўхтани донишҳои замонавӣ ва расидан ба мақоми ҷавонони ҷавобгў ба талаботи замон талош варзем.
Сатторова Замира
сармуаллимаи кафедраи журналистика
ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров







