Ҳодисаи 2-юми декабри соли 2017 дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) рухдода, ҳар як шаҳрванди кишварро бетараф гузошта наметавонад. Убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде пешгирӣ гардид, вале он дар натиxаи талафоти xонӣ ба даст омад. Дар рафти амалиёт сардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович қаҳрамонона ҳалок гардид ва чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Фарзанди фарзонаи миллат, афсари шуҷоъ, сардори отряди сарҳадии «Шӯрообод» Хайриддин Аҳтамов бо корнамоии худ собит намуд, ки дар роҳи ҳимояи Ватан мурдан – зистан аст.
Ҳамагон огаҳӣ доранд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон, ки яке аз кишварҳои бузурги тавлидкунандаи афюн дар минтақа ва ҷаҳон эътироф шудааст, марзи тўлонӣ дорад. Имрўз Тоҷикистон сипарест, ки зарбаҳои аввалини фоҷеаи башариро ба худ мегирад. Аз Афғонистон миқдори ниҳоят калони воситаҳои нашъаовар интиқол дода мешаванд ва нерўҳои амниятии мо қодир нестанд ҳамаи онро мусодира намоянд. Ва ҳадафи ниҳоии нашъаҷаллобон низ Тоҷикистон нест. (Ҳарчанд миқдори муайяне дар «бозорҳои сиёҳ»-и дохилӣ низ хариду фурўш мешавад). Ҳадаф бозорҳои сердаромади Аврупо мебошад, ки тиҷорати мухаддирот миллиардҳо доллар даромад дорад. Аз ин рў, мубориза бо маводи мухаддир иқдомоти ҳамоҳанг ва густардае мехоҳад.
Вазъи ба миёномада тақозо мекунад, ки давлатҳо чун як мушти мустаҳкам ба ҳам оянд ва тамаддуни башариро аз хатар наҷот диҳанд. Ин на танҳо вазифа, балки масъулият дар назди таърих ва ояндагон аст.
Имрўз ягон кишвар наметавонад танҳо ба муқобили терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва экстремизм, ки боз ҳам як мушкилоти дигар ба сари одамист, қарор гирад.
Мардуми xамоати деҳоти «Ватан»-и ноҳияи Фархор деҳаи Лолазор, кулли тоxикистониён фахр намоянд, ки чунин xавонписарон – мардони шуҷоъ доранд.
Хотираи полковники Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Аҳтамов - сарбози шуҷоъ ҳамешагӣ дар қалби мост. Ӯ ҳамеша дар ёди мардуми мо зиндаву ҷовид хоҳад буд.
М.Оқилова – профессори
кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ







