ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БИЗНЕС – НАҚША АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
2017-12-19

Тибқи нақшаи кории шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар факултети   санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди номзади илмҳои педагогӣ дотсент М.И. Нуриддинова дар мавзӯи “Бизнес – нақша асоси фаъолияти соҳибкорӣ” ба ихтисоси технология ва соҳибкорӣ барои донишҷўёни курси 4-уми шӯъбаи ғоибона баргузор гардид.

Дар дарси кушод мудири шӯъбаи ғоибона М. Маҳмадшоев, ҷонишини мудири шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот А. Ҷӯлиев, ҷонишини сардори таълим Р. Зоҳидов, ҷониши декан оид ба таълим Ф. Яҳёев, ноиб декани шӯъбаи ғоибонаи факултети математика Б. Шомирзоев ва мудири кафедраи технология ва методикаи таълими он Л.Х. Неъматов иштирок доштанд.

Дарси кушоди дотсент Нуриддинова М.И. дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Омӯзгор ба дарси кушод бо тайёрии худ омада, қисми ташкилии дарс  бо аз назар гузаронии  шароити гигиении синф, сару либоси донишҷўён оғоз ёфта, давомоти донишҷӯён бо тарзи  ҳозиру ғоиб муайян карда шуд.  

Омӯзгор дар  рафти  дарс аз тахтаи электронӣ ва муаррифӣ истифода бурда,  омӯзгор диққати ҳамаи донишҷӯёнро ба худ ҷалб намуда,  нисбати ҳар яки онҳо  мавзўи нав ба донишҷӯён пурра, фаҳмо баён карда шуд.

Мантиқи фикрронӣ ба мавзӯи дарс хуб буда, пайдарпайи баён бо саҳеҳӣ дида мешуд. Дар дарс робитаи байни омўзгор ва шогирдон хеле хуб буда, шогирдонро доим фаъол нигоҳ медоштанд. Байни муаллима ва шогирдон муносибати хуб буд.

Дотсент М.И. Нуриддинова соҳиби маҳорати баланди дарсдиҳӣ мебошанд. Мақсади дарс иҷро шуд, дар натиҷаи мустаҳкамкунии мавзӯи нав донишҷўён маълумотҳои назариявии дода шударо хуб фаҳмиданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:654 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар