Дар чунин давлати ободу осоишта чун Тоҷикистони маҳбуб зиндагӣ карда, бори дигар шукронаи ин неъмати бебаҳо мекунем. Зеро воқеан ин амну осоишеро, ки мардуми сарбаланди тоҷик дорад, бисёре аз мардуми кишварҳои дигар дар орзуи он ҳастанд. Дар баробари шукргузорӣ мо набояд фаромӯш созем, ки ин неъматро доимо ҳифз карда бошем. Ҳарчанд Тоҷикистон ба масъалаҳои сиёсати дохилии кишварҳои дигар дахолат насозад ҳам, мутаассифона то алҳол қувваҳои ифротие вуҷуд доранд, ки чӣ аз дохил ва чӣ аз берун барои халалдор сохтани осоиштагиву пешрафти он саъю кӯшишҳо анҷом медиҳанд.
Дар сохтори сиёсии кишварҳои демократӣ ҳар ҳизбу созмон бо мақсади саҳмгузорӣ ба инкишофу пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, хидмати содиқона кардан ба Ватану миллат, садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил меёбанд. Агар бархе аз онҳо содиқона бо чунин ниятҳои неки худ кору фаъолият намоянд, қисмати дигар дар андак вақт симои аслиашонро ошкор месозанд, ки созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд.
Баъди ҷанги шаҳрвандӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳои пайваста намуд, то ки дар хоки ин сарзамини ҷангзада аз нав оромӣ, сулҳу салоҳ пойдор гардад. Ба ин хотир ҳатто ба фаъолияти расмии қувваҳои оппозитсионӣ чун ҲНИТ иҷозат дод. Ҳизби мазкур аслан 4-уми декабри соли 1991 ташкил шуда, солҳои 1992 - 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намудааст. Баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шуда буд.
Мутассифона, ҳарчанд, ки моҳияти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагии Тоҷикистон, ҳимояи сулҳ, таъмин намудани ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир самти асосии фаъолияти аъзоёни ба дигар тараф нигарионида шуда буд. Аз рӯи маълумотҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ВАО аъзоёни ҳизби мазкур дар баробари бисёр қонуншиканиҳо ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ доштаро содир намудаанд. Бо истифодаи роҳҳои гуногун дар байни омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истода, боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардиданд, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.
Ҳарчанд, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо огоҳномаҳо барои бартараф намудани қонуншиканиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта ирсол карда шудаанд, роҳбарият ва аъзоёни ҲНИТ боз ҳам амалҳои ҷинояткоронаи худро барои ғасби ҳокимияти конститутсионӣ тарҳрезӣ намуданд.
Мувофиқи моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ карда шудааст.
Ҳамаи ҳолатҳои фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ-ро ба назар гирифта, дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) - террористӣ эътироф намуда, фаъолияти минбаъдаи онро ғайриқонунӣ эълон намуд.
Мо набояд фаромӯш созем, ки ҳарчанд ин ҳизб дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, вале пайравони он дар хориҷи кишвар кори худро давом дода истодаанд. Бо дастгирӣ ва маблағгузории “сарпарастон”-ашон роҳҳои гуногунро барои вайрон намудани сулҳу осоиш, амният ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Дар мусоҳибаҳои худ бо рӯзноманигорони мамлакатҳои Ғарб ҳокимияти амалкунандаи кишварамонро сиёҳ кардан мехоҳанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди солимфикр ва ватандӯсти мамлакатро зарур аст, ки аз тарбияи фарзанд дар оила сар карда, то фаъолиятамон дар коргоҳҳо ва берун аз он бо тамоми нерӯи худ Ватанро ободу ҳифз намоем. То ин ки ба фарзандон ва наслҳои минбаъда Тоҷикистонро чун сарзамини пешрафта, ободу озод гузошта тавонем.
ДотсентЗ.Ҳасанова







