Оила кошонаи муқаддасу хишти бунёдии ҷамъият мебошад. Мақоми он дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иқтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат аҳамияти хосса дошт. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, тазимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Ба ҳама гуна муносибатҳо, тамоми дастовардҳо, фатҳи қуллаҳо, кашвиётҳои бузург, ғолибият, муваффаққиятҳо, сарбаландиву некномии шахс, оила муҳити хонавода сабаб мешавад. Аз тарафи дигар, маҳз оила сабабгори пастиву разилӣ, қонншиканӣ, роҳгумзанӣ, бемасъулиятӣ, дурӯғгӯӣ, дуздӣ, авбошӣ ва бадномии шахс мегардад. Аз ин рӯ, давлат ба оила, ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.
Аз ин лиҳоз, бахшида ба 16 рӯзи алайҳи хушунат дар Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, факултели молия ва иқтисодиёти бозор як қатор чорабинӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ин чорабинӣ бевосита бо дастгирии мудири шӯъбаи зан ва оилаи МИҲД ш. Хуҷанд, раиси шӯрои занони донишгоҳ ва факултет, муовини декан оид ба корҳои тарбия, раиси созмони ҷавонони факултет ва ТҶ Маркази Иҷтимоии Ҳуқуқии “Сарчашма” дар мавзӯи “Муносибатҳои оилавӣ” бо мутахассисони ин ташкилот баргузор гардид.
Мақсади баргузории треннинг пешгирии муноқишаи байни зану шавҳар, арӯсу хушдоман, барпо намудани ҳаёти хушбахт, якдигарфаҳмии зану шавҳар, иззату эҳтироми якдигар барои ташкили оилаи солим ташкил карда шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







