Дар доираи нақша-чорабиниҳои кафедраи адабиёти классикии тоҷик санаи 15-уми декабр дар толори факултети филологияи тоҷик маҳфили илмӣ тарбиявӣ таҳти унвони «Хайём, ки хаймаҳои ҳикмат медӯхт» бахшида ба бузургдошти олими маъруф, шоири рубоисаро ва ҳакиму файласуфи миллати тоҷик Ҳаким Умари Хайём бо иштироки донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм доир гардид.
Дар ифтитоҳи маҳфил декани факултети филологияи тоҷик дотсент М. Тиллохоҷаева суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки маҳфили «Ошёни Камол» солҳост, ки бо ташаббуси устодони кафедраи адабиёти классикии тоҷик доир карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ин маҳфил беҳтарин донишҷӯёни мо маҳорату дониши худро сайқал медиҳанд ва маҳфили навбатӣ низ дар доираи чорабиниҳои кафедраи адабиёти классикӣ бахшида ба соли ҷавонон баргузор мегардад. Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки чунин бузургоне, амсоли Ҳаким Умари Хайёмро дорад. Донишҷӯёни мо бо ҳадафи азхуд намудани осори арзишманди шоирону донишмандони фарҳехтаи мо дар чунин маҳфилҳо иштироки фаъолона доранд. Дар идома декани факултет дотсент М. Тиллохоҷаева барои иштироккунандагони маҳфил барои ҳар ду даста муваффақият таманно намуда, умед бар он дошт, ки дар имрӯза маҳфил донишҷӯён бо маҳорати бисёр олӣ баромад хоҳанд намуд.
Сипас донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм байни ҳам аз рӯйи шаш шарт қувваозмоӣ намуданд. Донишҷӯёни курси дуюм дастаи худро «Кӯзагорон» ва донишҷӯёни курси сеюм номи дастаи хешро «Ҷоми латиф» ном шузошта буданд. Аз рӯи шарти аввал ҳар ду даста саломномаи хешро пешкаш намуданд. Дар идома рубоиҳои Хайём ифоданок аз тарафи донишҷӯён қироат карда шуда, сипас саволу ҷавоб байни дастаҳо доир ба зиндагӣ ва осори Хайём доир карда шуд. Инчунин аз рӯи шартҳои дигар рубоиёти Хайём ба хатти форсӣ аз тарафи донишҷӯён баргардон карда шуда, рубоиёти Хайём ба забонҳои ингилисӣ, русӣ, узбекӣ аз тарафи ҳар ду даста қироат карда шуд. Дар охир саҳнаи адабӣ аз рӯи зиндагинома ва осори Хайём пешкаш карда шуд ва инчунин ЭССЕ доир ба ҳунари шоирӣ ва мақоми Умари Хайём дар адабиёти тоҷик навишта шуд. Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён бо маҳорати бисёр олӣ аз иҷрои шартҳои озмун баромаданд ва маҳфил бо як рӯҳияи озоду хайрхоҳона доир гардид.
Дар охир мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик дотсент М.Ӯрунова холҳои аъзои ҳакамонро ҷамъбаст намуд. Дотсент М.Ӯрунова қайд намуд, ки имрӯза маҳфили «Ошёни Камол» бисёр дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он донишҷӯёни мо иштироки фаъолона доштанд ва ҳар ду даста ҳам баромади хуб нишон доданд. Аз рӯи ҷамбасти аъзои ҳакамон дастаи «Кӯзагорон» соҳиби 92 хол ва дастаи «Ҷоми латиф» соҳиби 98 хол гардиданд. Мо ҳар ду дастаро табрик мекунем ва умедворем, ки дигар донишҷуён дар оянда боз дар ин маҳфили бошукӯх иштирок намуда, донишу маҳорати хешро сайқал медиҳанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







