ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПОЛКОВНИК ХАЙРИДДИН АҲМАТОВ- ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
2017-12-20

Полковник Хайриддин Ахматов фарзанди барўманди тоҷик рузи 2- юми декабри соли равон дар яке аз задухурдхои мусаллахона бо қочоқчиёни маводи мухаддир  вафот кард. Дар махалли задухурд чор  автомати калашников ва беш аз 33- кило маводи мухаддир ёфт гардида он мусодира карда шудааст. Ин ҳодисаи мудҳиш  2-юми декабри соли равон дар деҳаи Лолазори нохияи Фархор ба вуқўъ омада, фармондеҳи қисми низомии неруҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Хайриддин Аҳматов ба ҳалокат расид. Ин задухурд бо қочоқбарони афғон ба вуҷуд омадааст. Маросими дафни полковник дар зодгоҳаш ноҳияи Фархор ба вуҷуд омада, 3- юми декабр ба хок супорида шуд. Имруз тамоми халқи тоҷик ба наздикони полковники тоҷик, ки ҳангоми адои  вазифаҳои хизматӣ,  яъне марзу буми ватан аз тарафи ҷинояткорон ва қочоқбарони афғон изхори ҳамдарди баён мекунанд. Хайриддин Аҳматов фарзанди шоистаи миллат барои дифоъ аз марзу буми ватанаш ҷони худро дареғ надошт. Ӯ шахси ҷасур, доно ва нотарс буд. Дар хақиқат ӯ фарзанди шоистаи миллат баҳри ватани худ ҷонашро нисор кард. Мо бояд аз чунин шахс ифтихор кунем минбаъд низ марзу буми ватани худро ба монанди полковник Хайриддин Ахматов ҳимоя кунем. Дар раванди таълиму тарбия насли наврас ва ҷавононро дар неруи ватандустӣ, ватанпарварӣ ва ифтихор аз ватани худ ҳидоят намоем.

                                                  сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

                                                      ва фарҳангшиносӣ

                                                       Деҳконова Г.Н.

 

 

 

Аз назар гузарониданд:565 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар