Таърих гувоҳ аст, ки яке аз роҳбарони ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун яке аз арабшиносӣ машҳур шинохта мешуд. Аммо ӯ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қарор надошт, яъне дар давлатҳои тинҷу осуда дар шаҳри Маскав бо тиҷорат машғул буд. Вақте, ки давлат орому осуда гашт ӯ ба Тоҷикистон баргашт. Таърих ҳаргиз фаромӯш намешавад. Ҳодисаҳои солҳои 90 – уми асри гузаштаро маҳз ҳамин ҳизб роҳбари карду сабабгори фоҷиҳои мудҳиш гашт.
Ислоҳоти расмии прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаби 3-юм ва 4-уми сентябри соли 2015 собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо машҳур бо лақаби Ҳоҷи Ҳалим бо маслиҳати пешакӣ бо сардори раёсати инспексияи ҳарбии вазорати мудофиа Умаров Ҷунайдулло Сатторович ва дигар шахсони ҷиноятпеша аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии боталёни 25 уми қисми ҳарбии 31001 вазорати мудофиа бо мақсади оғоз намудани ҳамлаи мусаллаҳона зидди намояндаҳои сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакӣ нақшаи мушаххасро тарҳрезӣ намуда худи ҳамон рӯз бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ба бинои маъмурии дастгоҳи марказии вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651 ворид гардида теъдоди зиёди силоҳи оташфишони гуногунтамға аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро тасарруф намуданд. Муайян карда шудааст, ки Назарзода таи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдори ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии раиси ҳизби наҳсати исломи Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷинояти ташкил намуда онҳоро бевосита роҳбари менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳучумҳои муссалаҳона дар давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷи маблағҳои калони пулӣ ворид шуда аст. Ҳуҷумҳои мусаллаҳона шаби 4-уми сентябр, дар шӯбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чораҳаи кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар худи ноҳияи Рӯдакӣ амали гуруҳҳои чиноятпешаи номбурда мебошад. Аз чониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли ҷори нисбат ба саркардагон ва ҳамаслакони ҷиноятпеша дар асоси моддаҳои 187 ташкили иттиҳодияи ҷамъиятӣ, 199 тасарруфи силоху лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркишӣ, 104 одамкушӣ, 181 ғасни гаравгон, 179 тероризм, 329 таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни харбӣ ва 391 сӯиистифода ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ баромадани кодекси чиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки фардои мо дар симои ҷавонону наврасон зуҳур мекунад, ки онҳо имрӯз дар байни мо зиндагӣ доранд. Ояндаи Тоҷикистони ҷавон аз онҳо вобастагии зич дорад. Зеро ҷавонон нерӯи рушди ҷомеа ҳастанд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - соли ҷавонон эълон намуданд. Боз таъкид карданд, ки ҳамаи мактабу муассисаҳаи таълимӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо бо таҷҳизотҳои техникӣ мусоидат карда шавад, то ин ки наврасону ҷавонон аз илму маърифат огаҳӣ ёфта техникаву технологияи муосирро хуб омӯзанду ояндаи Тоҷикистони ҷавонро боз ҳам дурахшонтар намоянд.
Иддаи зиёди онҳо ҳоло машғули таҳсиланд ва дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёнаву олӣ, литсею ҳунаристонҳо асосҳои дониш ва касбу ҳунарро омӯхта, ҷойгоҳи хешро дар зиндагии оянда муқаррар месозанд.
Мутаасифона, миёни ҷавонони мо иддае раҳгумзадае низ ҳастанд, ки аз бардошти нодурусти ҷараёни ҳаёту ҳаваси ноҷо ба ҷодаҳои сарбаста ворид шудаанд. Беназоратӣ, дур мондан аз тарбияи афроди таҷрибадида боис гардидааст, ки онҳо дар зиндагӣ ҷойгоҳи хубу писандида ва собиту устувори хешро пайдо накарда, таҳти таъсири муҳити носолим қарор мегиранд.
Зиёда аз ин чунин руҳ медиҳад, ки унсурҳои ҷиноятӣ, гурӯҳу ҷунбишҳои харобкору террористӣ ин гуна ҷавононро зери «қанот»-и худ гирифта, барои хеш навкарони фармонбардор омода месозанд, ки онҳо қодир ҳастанд ба ҳама гуна амалу кирдорҳои ҷоҳилонаю ғайриинсонӣ даст бизананд.
Хушунат, хусумату бадбинӣ, ситезаҷӯй нисбат ба давлату ҷомеа дар ниҳоди онҳо ба ҷои ақлу андеша, некхоҳию некӯкорӣ маскан мегузорад. Дар натиҷа оромию осоиши ҷомеа халалдор мешавад ва ҳаёти худашон низ дар вартаи хатар қарор мегирад.
Вақтҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамоянд, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем.
Ин тамоюл, бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва субботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонанд, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мо бояд ба қадри осудагӣ расем, соҳибистиқлолии ватанамонро дӯст дорем ва дар пешрафти он саҳми худро гузорем. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки чун дар боло ишора рафт, дар амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардаанд». Махсусан дар Покистону Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар карда истодаанд. Дар амалҳои зишт даст задани ваҳҳобиёнро мо аз маълумотҳои таърихӣ огаҳӣ дорем, ки таълимоти Ваҳҳобия аз замони ба вуҷуд омаданаш харобгару ифротгаро будааст.
Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем”.
Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад.
Гулнора Узоқова,
декани факултети телекомникатсия
ва технологияҳои иттилоотии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров







