ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БУНЁДИ ҲАЁТИ ОСОИШТАВУ САЗОВОР
2017-12-21

Он гуна, ки Асосгузори Сулху Вахдати милли - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «ҷомеаи мо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва таъсири ҷараёнҳои ифротии навзуҳур тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба шуури баъзе ҷавонони ноогоҳи мо низ эҳсос мегардад. Як қисми ҷавонон дар пайравӣ аз ҳамин андешаҳои ифротӣ ҳатто арзишҳои миллиро аз нигоҳи маҳдуди худ ширку бидъат эълон кардаанд».

Азбаски инсон ҳар амалро бо андешае содир мекунад, бинобар ин ў дар амали содиркардааш мухтор ва ба оқибати он масъул мебошад. Бедоршавии ҳисси интиқом, аз мухторияти афъолу аъмоли инсон гувоҳӣ медиҳад. На танҳо ба ҷо овардани майлу хоҳиши инсон, балки ба ҷо овардани амру наҳйи Худо ҳам вобаста ба иродаи инсон аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо  байни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпарасту тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор, осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне  ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он мањсуб меёфт, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К. Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Доир ба масъалаи мазкур мутафаккирони форсу тачик низ ибрази акида намудаанд. Аз он чумла, Чалолиддини Руми таваччухи махсус зохир намуда, зикр менамояд, ки Ҷабрия аз озодии ирода, аз мухтор будани амалиёти инсон чашм пўшида, ҳамоно гуноҳашро аз Худо медонад:

Дар хирад ҷабр аз қадр расвотар аст,

З-он ки ҷабрӣ ҳисси худро мункар аст.

Мутафаккир на танҳо аз ҷиҳати назариявӣ бемантиқии пешакӣ муайян кардани тақдири инсонро аз тарафи илоҳӣ ботил месозад. Балки зарари амалии онро низ нишон медиҳад. Ў дуруст пай бурдааст, ки агар масъулияти рафтори одамон аз зиммаашон гирифта шавад, ин боиси бемасъулиятии одамон ва бесару сомонии иҷтимоӣ мешавад.

Инсонпарварӣ ва халқпарварӣ оҳангест, ки тамоми эҷодиёт ва фалсафаи Ҷалолиддини Румиро фаро гирифтааст, аз ин рў тамоми халқҳои ҷаҳон, новобаста ба дину мазҳабашон, ўро мепазиранд ва эҳтиром менамоянд. Ҷалолиддини Румӣ бо таълимоти фалсафию ирфонии худ дар инкишофи афкори маънавии халҳои Шарқ саҳми босазое гузоштааст.

Мазхабгарои, зараровартарин ҳодисаи иҷтимоию ҳуқуқӣ буда, ба саломатӣ, ҳаёт, молу амволи шаҳрвандон таҳдид намуда ё зарар расонида, ба пайдоиши тарсу ваҳм ва изтироб дар руҳияи онҳо мусоидат карда, фаъолияти меҳнатӣ ва ҳисси созандагии онҳоро шикаст медиҳад. Аз ин лиҳоз, пешгирӣ ва мубориза бо мазхабгарои, алалхусус, ҷиноятҳои террористию экстремистӣ, ба манфиати ҳар як инсон, ҷамъият ва давлат кори муҳиму зурур буда, ҳамкории мақомти давлатӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд. Аз ҷониби давлат барои бунёди ҷамъияти солиму осоишта ва зиндагии шоиста пайваста кӯшиш ба харч медихад. Аҳли ҷомеа бошад, сиёсати имрӯзаро дастгирӣ намуда, ба амалӣ гардонидани корҳои назаррасу тақдирсоз, ободкорию созандагӣ машғул аст.

Ҳар як шаҳрванд бояд роҳи дурусту қонунии ҳалли масъаларо дарёфт намуда, барои бунёди ҳаёти осоиштаву сазовор бо меҳнати ҳалолу фоидаовар машғул гардида, барои бартараф намудани муаммоҳои умумиҷамъиятӣ саҳм гузорад.

 

 

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа,

                               д.и.ф., профессор Атоев Атоулло Мухторович

 

Аз назар гузарониданд:513 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар