Дар васоити ахбори оммаи баъзе кишварҳои “дӯст” нисбати Тоҷикистон бисёр иттилоои бардуруғ паҳн мешавад ва дар баъзеи онҳо даъво мекунанд, ки гӯё Тоҷикистон кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир аст ва аз Афғонистон бо тариқи кишвари мо ба дигар кишварҳои дуру наздик маводи мухаддир мегузарад.
Дар ин масъала матбуоти кишварҳои хориҷӣ шояд Тоҷикистонро бо Афғонистон сарҳади зиёд доштанашро ҳамчун асос мегиранд. Вале аз руи тадқиќотҳо ва маълумоту хулосаҳои созмонҳои байналмиллали ошкор мешавад,ки нисбат ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ва Туркманистон маводи мухаддир ба Русияву дигар кишварҳои Аврупо зиёдтар маводи мамнуъ меравад.
Муҳаққиқ Мансурхӯҷаев М. А. таъкид мекунад, ки он даъвоҳое, ки бо тариқи ВАО-и кишварҳои дигар монанди Русия ва Ӯзбекистон дар бораи қочоқгарони тоҷикистони паҳнкунандагони маводи мухаддир ба Русия ва мамолики Аврупо арзёби мегарданд, ин танҳо ҷанги иттилоотӣ аст. Онҳо иттилои воқеиро паҳн намекунанд. Боз таъкид кардан лозим, аст, ки сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз тарафи сарҳадчиёни фидоӣ посбони мешавад.
Он воқеаҳое, ки дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шўрообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) бегоҳии 2-юми декабри соли ҷорӣ руҳ додаст, худ исботи гуфтаниҳои мост. Дар ҳамон шаб Сардори отряди сарҳад бо ном полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович ҷони худро фидо кард, вале нагузошт, ки ба кишвари мо марзшиканони мусаллаҳ бо маводи қочоқ, ки 33 килограмм маводи мухаддир будааст, дохил шаванд.
Ин корҳои сарҳадбонони ҷонфидо бо сарварии шодравон полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович намунаи ибрат ба тамоми ҷавонони кишвар аст.
Номи ин сарҳадбони марҳум ҳаргиз фаромуш намешавад. Зеро, ӯ синаи худро барои ҳифзи марзи буми кишвараш Тоҷикистони азиз ва оромии ҳамватанонаш сипар кард.
А. Бердишукуров,
мудири кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ
ба номи академик Б.Ғафуров







