Дар толори калони раёсат намояндагони Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ҳиндустон (Шӯрои Ҳиндустон оид ба пешбурди муносибатҳои фарҳангӣ) ташриф оварда, тибки озмун якчанд ҷойҳоро барои донишҷӯёни Тоҷикистон барои таҳсили базавӣ (3 сол), таҳсил пас аз хатми донишгоҳ (2/3 сол) ва таҳсили докторӣ (5сол) дар донишгоҳҳои олии Ҳиндустон ва муассисаҳои таълимӣ барои соли академикии 2018 – 2019 пешниҳод намуданд.
Дар озмун зиёда аз 80 нафар донишҷӯён аз факултетҳои забонҳои хориҷӣ, забонҳои шарқ, телекоммуникатсия, молия ва иқтисодиёти бозор, педагогӣ, физикаю техника ва дигар факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар ин вохӯрӣ донишҷӯён аз дигар донишгоҳҳои ҳудуди вилоят низ иштирок намуданд. Натиҷаи озмун ҳафтаи аввали моҳи январи соли 2018 эълон мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







