Рӯзхои сипаришуда дар доираи маҳфили “Клуби дӯстии халқҳо”- дар назди шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо иштироки Консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар Худчанд Бекбосынов А.Б. дар толори калони Раёсати донишгоҳ озмуни Хушдилон ва ҳозирҷавобон (КВН) баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 3 дастаи донишҷӯёни Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуда, намоишҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд. Мавзӯи маҳфил бахшида ба мустаҳкам кардани алоқаи дӯстӣ байни ҷавонони кишварҳои номбурда ва инъикоси моҳияти таърихию фарҳангии ба даст овардани истиқлолияти миллӣ аз ҷониби ин кишварҳо мебошад. Ин маҳфил дар рӯзе баргузор гардид, ки мардумони Қазоқистон рузи истиқлолияти миллии худро ҷашн мегирифтанд. Бекбосынов А.Б. ҳамаи шаҳрвандони ин кишварро, ки дар донишгоҳ кор ва таҳсил мекунанд, бо ин рӯзи истиқлолият табрик намуд. Маҳфилро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Азизов А. ҷамъбаст намуда, дар бораи дӯстии халқҳои тоҷик, қазоқ ва қирғиз ва муносибатҳои иқтисодиву фарҳангии ин кишварҳо сухан кард. Дар охир Консули Қазоқистон Бекбосынов А.Б. ба иштирокчиёни маҳфил аз номи консулгарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотирмон супорид.
Маркази иттилоот ва таҳлил







