ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМ – ПАЙҒОМИ САРНАВИШТСОЗ
2017-12-25

Субҳи 22-юми декабр чун пайғоми саодат Паёми Президенти кишвар ҳамчун роҳнамо ва дурнамои пешбурди сиёсати давлатӣ, муқарраркунанда ва заминаи ояндаи дурахшони халқу миллат тавассуси симо ва садо мустақим намоиш дода шуд, ки ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷўёну муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар фазои ифтихор онро дастҷамона тамошо намуданд.

Дар толори Раёсати донишгоҳ, 16 факултет, китобхона, колеҷи педагогӣ ва 4 хобгоҳи донишгоҳ намоиши мустақими ироаи Паёми Сарвари давлат мутташаккилона ба роҳ монда шуд.

Дар қатори тамоми мардуми шарафманди кишвар ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷўёну муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимона истиқбол намуда, муқаррарот ва муҳтавои онро ҳамчун дастуру роҳнамои кору фаъолияти худ ба асос мегиранд.

Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини иҷрои дурнамои соли 2018 ва муқаррар намудани авлавиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод гардид. 

Воқеан, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нишони таваҷҷӯҳ ва самимияти хоса ба рушду бақои давлату миллат буда, далолат бар он мекунад, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла ба соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ  таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

Аз назар гузарониданд:527 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар