«Асрори сухан» маҷмӯаи нави мақолаҳо оид ба масъалаҳои мубрами журналистика, адабиёт ва фолклор аст, ки дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд дар арафаи баргузор шудани конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Профессор Воҳид Асрорӣ – адабиётшинос ва журналисти номвар” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо мӯҳтавои хонданӣ ва сифати баланд ба табъ расидааст. Мураттибон ва муҳаррирони масъули китоб мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, адабиётшинос Субҳони Аъзамзод ва мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ҳамин донишгоҳ Дилбар Самадова барои дар сатҳи назаррас омода шудани маҷмӯаи мазкур саҳм гузоштаанд.
Ин китоб ба накӯдошти Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Воҳид Асрорӣ бахшида шуда, он натиҷаи тадқиқоти муҳаққиқонро дар ҷабҳаи адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва рӯзноманигорӣ дар бар мегирад. Дар китоб оид ба хидматҳои профессор Воҳид Асрорӣ дар илму фарҳанг ва тарбияи суханварону журналистон мақолаҳо ҷой дода шудаанд. Ба маҷмӯа ҳамзамон дастовардҳои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ҳавзаи матбуотии вилояти Суғд низ ҷой ворид гардидааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил







