ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДАР МЕҲМОНИИ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИИ БАРҚАРОРСОЗӢ ВА СОЛИМГАРДОНИИ КӮДАКОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
2017-12-28

Устодони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ ва муаллимаи кафедраи грамматикаи забони арабӣ Маликова Н. ҳамроҳи донишҷӯёни факултет бо мақсади иҷрои амалҳои хайр ва дастгирии беморону маъюбон ба “Маркази вилоятии барқарорсозӣ ва солимгардонии кӯдакони вилояти Суғд”  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба бошандагони онҷо дастархони идона оростанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ чорабинии идона ташкил карда шуда, дар он донишҷӯён бо қироати шеъру гуфторҳои пурмазмун, суруду барномаҳои рангин баромад карданд.  Гурӯҳи ҳаҷвии “Taj Smile” якчанд саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва миниатюркаҳоро ба намоиш гузошт, ки  хотири аҳли тамошобинонро шод намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:251 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар