ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЗАБОНШИНОСОН ДАР ДОНИШГОҲ
2017-12-28

Дар кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии  факултети филологияи рус машғулияти кушоди махфили донишҷӯён  «Забони русӣ ва таърихи он» таҳти унвони «Пайдоиши навиштаҷоти славянӣ» («Возникновение славянской письменности») баргузор гашт. Дар рафти машғулият  аъзоёни маҳфил оиди пайдоиши  хат ва алифбои славянӣ, оиди асосгузорони алифбои славянӣ  Кирилл ва Мефодий  манбаҳои хатти қадимтарини славянӣ, мисли «Остромирово Евангелие», «Повести временных лет», «Слово о полку Игореве»  маълумотҳои мушаххасро дар намуди муаррифи пешкаш намуданд. Сатҳи илмии мавзуъ қобили қайд буда, мазмун ва мундариҷаи он бо дастовардҳои гузашта ва навини забоншиносии рус оиди пайдоиши навиштаҷоти славянӣ такя менамоянд. Гуфтан ҷоиз аст, ки донишҷӯён ба мавзӯи машғулият мароқи бисёр зоҳир намуданд. Ин нуқта дар рафти мубоҳисаи донишҷӯён оиди пайдоиши алифбои славянӣ ва иштироки фаъоли онҳо ҳангоми гузаронидани викторина аён гашт.

Маҳфилро  роҳбари он Цой Е.Н. ҷамбаст намуда, қайд кард, ки гузаронидани чунин маҳфилҳо ба самти ҳавасманд намудани донишҷӯён баҳри омӯзиши забони русӣ бедор намудани шавқу рағбат нисбати касби ояндаи онҳо - муаллими забони русӣ, равона карда шудаанд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:316 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар