Дар толори раёсати донишгоҳ Конфронс баргузор гардид. Мақсади баргузории ин конфронс муайян намудани омилҳои омўзиши забони хориҷӣ, беҳтар намудани сифати таълими забони англисӣ ва ба амал татбиқ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забони русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020”дар факултетҳои ғайритахассусӣ мебошад.
Конфронсро ноиб ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Х. М. Сабуров ҳусни оғоз бахшид. Дар конфронс намояндагон аз донишгоҳҳои ДДҲБСТ, ДПДТТ ба номи М. Осимӣ, ДДТТ, Донишгоҳи кўҳӣ металлургӣ, омўзгорону донишҷўён ва магистрантони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Ноибректор Х. М. Сабуров ба конфронс ҳусни ифттитоҳ бахшида, қайд намуд, ки кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ баҳри дастгирии суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки доир ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ конфронси илмӣ- методӣ ташкил намояд. Баргузории конфронси мазкур барои ивази таҷриба байни омӯзгорони мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёна, магистрантон хеле муфид аст. Зеро дар конфронс на танҳо омӯзгорони донишгоҳ балки омӯзгорони мактабҳои миёна ва магистрантон фаъолона иштирок намуданд. Дар оғози конфронс мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи “Ташкил ва назорати кори мустақилонаи донишҷӯён аз фанни забони хориҷӣ дар факултетҳои ғайритахассусӣ” баромад намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







