ба қафо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ДОНИШГОҲ
2017-09-22
Дар Китобхонаи марказии донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои тарғибу ташвиқи фарҳанги китобдорӣ ва ҷалби бештари хонандагон ва ба муносибати ҷашни ёдбуди сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рўдакӣ намоиши китоб ташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 37 адад китобҳо ва 24 адад маҷалла ба намоиш гузошта шуд.
Аз ҷумла ҳамаи асарҳои маликушуаро Рӯдакӣ бо якчанд забон ва 3 ҳарф пешниҳоди иштирокчиён карда шуд.
Дар намоиши устодон донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ аз ҳамаи факултетҳо ташриф оварданд.
Дар рафти намоиши донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик аз баёни Абӯабдулло Рӯдакӣ чанд байтҳо қироат намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:457 нафар
баён кардани ахборот