ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
АЗ РАВАНДИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР ДОНИШГОҲ
2018-01-03

Тибқи талаботи мавҷуда ва нақшаи қабулгардида ҳарсол устодону омӯзгорони донишгоҳ аз курси тайёри такмили ихтисос гузаронида мешавад. Имсол низ дар ин самт корҳои муайяни ташкилӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Ҳадафи гузаронидани такмили ихтисос такмил ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омўзгорон буда,  курсу семинар, машғулиятҳои амалӣ, лексия, машваратҳои фардӣ, гурўҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, илмию-методӣ, таълимию-методиро дар бар мегирад.   Тибқи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола омўзгорони донишгоҳ накамтар аз 20% аз курсҳои такмили ихтисос бояд гузаранд. Мувофиқи шартномаи дутарафа бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2017 бо фармоиши ректори донишгоҳ таҳти№ 15 аз 17.01.2017 бо равияи низоми таълими салоҳиятнок 142 –нафар омӯзгорони ҳамаи кафедраҳои методикаи таълими  донишгоҳ, бо фармоиши таҳти№129 аз 13.04.2017  бо равияи фанҳои гуманитарӣ-ҳуқуқӣ ва муносибатҳои байналмиллалӣ 7-нафар омӯзгорон, бо фармоиши таҳти№ 362 аз 29.09.2017 бо равияи забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ 20–нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби диплом гаштанд. Бо мақсади амалӣ намудани Пайёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  курси тайёри такмили ихтисоси омӯзгорон бо равияи табиию риёзӣ ташкил карда шуд. Дар курси мазкур 40-нафар омӯзгорони факултетҳои математика, физикаю-техника, биология ва химия ва геоэкология аз санаи 11.12.2017 то 30.12.2017 иштирок менамоянд. Баъди хатми онҳо соҳиби диплом мегарданд.

Соли 2017 аз 730 - нафаромӯзгорон  209- нафар аз такмили ихтисос гузаштанд, ин нишондиҳанда 28,6% ташкил медиҳад, ки 8,6% аз меъёр зиёд мебошад.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:346 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар