ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶОИЗАҲОИ НАВ БА ДОНИШГОҲ ОМАДАНД
2018-01-04

Дар ҷаласаи Шӯрои Олимон, ки санаи 28.12.2017 дар  толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, якчанд устодони донишгоҳ бинобар сарфароз шуданашон бо диплому ҷоизаҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ тақдим карда шуданд. Аз ҷумла, Х. М.  Сабуров муовини ректор оид ба илм  ва инноватсия сазовори Дипломи аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Руссия шарафёб гардид. А.Х.  Ҷабборов дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актиёрии факултети санъат бошад ба Шаҳодатномаи аъзои ҳақиқии Академияи мусаввирии Тоҷикистон; Сипосномаи Президенти фонди “Голубь Мира”-и шаҳри Кангасниеми Финландияро соҳиб гашт. Ҳамчунин Сангинова Ш.А сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ бо дипломи номзади илмҳои филологӣ, Ш.Ф. Ҳошимова сармуаллимаи кафедраи Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ бо дипломи номзадит илмҳои таърих, Р. А. Ҳомидов сармуаллими кафедраи Методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ бо дипломи номзади илмҳои таърих мушарраф шуданд.

Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ҳамчунин устодони донишгоҳ Мавлонов Абдуллоҷон дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик ва Мамаҷонов Набиҷон устоди факултети санъати тасвирӣ ва технологияро  ба муносибати 75-солагии зодрӯзашон таҳният намуда, иброз дошт, ки хизматҳои устодони соҳибтаҷриба дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва пешрафти илму ирфон дар давлат басо назаррас мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:353 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар