ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАМЪБАСТИ СОЛИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ
2018-01-09

Санаи 5.01.2018 дар толори Раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  дар асоси нақша чорабиниҳои донишгоҳ, чорабинии ҷамъбастии Соли ҷавонон, ки бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои ҷавонони донишгоҳ дар соҳаҳои илму иноватсия, таълиму тарбия ва фарҳангу варзиш баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд  Тоҷибой Султонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилоят Фирдавс Салимӣ, мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.  

Зимни суханронӣ Тоҷибой Султонӣ зикр намуд, ки дастовардҳои ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Соли ҷавонон боиси таҳсин буда, барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон мусоидат намуд. Ректори  донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода низ зимни баромади худ  афзуд, ки ҳамаи дастовардҳои донишҷӯёну устодони ҷавони донишгоҳ натиҷаи дастгириву пуштибонии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки хусусн дар соли 2017 “Соли ҷавонон” ба дастовардҳои бештар ноил шуданд.

Баъдан дар долони  Раёсат дастовардҳои ҷавонони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла олими ҷавони сол, иншои беҳтарин, варзишгари беҳтарин ва ғайра аз ҷониби фаъолони донишгоҳ ба меҳмонони чоранибӣ намоиш дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки чунин чорабинӣ дар донишгоҳ аввалин маротиба баргузор гардида, бо мақсади хотирмон ҷамъбаст намудани соли ҷавонон мувофиқи фармоиши Ректори донишгоҳ таҳти №659 аз 26.12.2017 «Оид ба ҷамъбасти Соли 2017- Соли ҷавонон ва қадршиносии мутахассисони ҷавони донишгоҳ» 9-нафар дар самти корҳои таълимӣ – методӣ, 16 – нафар дар самти илм ва иноватсия , 20-нафар дар самти корҳои тарбиявӣ – фарҳангӣ, 3-нафар дар самти мутахассисон ва кормандони мухталифи донишгоҳ (Муҳосиби ҷавони сол, беҳтарин таҳиягари ҷавон, беҳтарин тарғибгари ҷавон) бо ҷом, диплом ва мукофотпули қадрдони карда шуд.

Чорабиниро барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид, ки дар он  дастаи санъаткорони донишгоҳ “Навои ҷавонӣ” ҳунарнамоӣ карданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:315 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар