Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, оммавӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар сатҳи зарурӣ ташкил намуда, ба ин васила, дар доираи қонуну санадҳои танзимкунанда ҷавононро дастгирии иқтисодӣ намуда онҳоро тавассути баргузории озмуну маҳфилҳои гуногун ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгири намудан аз омилҳои номатлуб ва ба фарҳангдӯстию меҳанпарастии роҳнамун сохт.
Тайи чанд сол инҷониб озмуни умумдонишгоҳии «Озмуни ҷавони сол» дар асоси Дастурамали баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраҳо ва ҳайати профессорону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.06. 2016, №9/41тасдиқ карда шудааст) ташкил ва гузаронида мешавад. Дар озмуни «Олими ҷавони сол–2017», ки ба Соли ҷавонон рост омад, дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ 12 довталаб ва дар бахши илмҳои дақиқ 10 довталаб иштирок намуданд. Баъд аз омӯзиш ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабони озмун комиссияи назди Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ муҳаққиқони ҷавони донишгоҳро, ки дар ҳарду бахш ба натиҷаҳои назарраси илмӣ-тадқиқотӣ ноил ва бо дарёфти холҳои нисбатан баланд дар соли 2017 ғолиб ҳисобида шуданд бо диплом ва мукофотпулӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Бояд таъкид кард, ки дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ҷойи якум ба Азизов Сорбон – номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷик бо дарёфти 373 хол, ҷойи дуюм ба Раҷабов Боҳир – номзади имлҳои филологӣ, мутахассиси пешбари Раёсати илм ва инноватсия бо дарёфти 308 хол ва ҷойи сеюм Эгамбердиева Муқаддас – дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии факултети педагогӣ бо дарёфти 237 хол муайян карда шуд. Дар бахши илмҳои дақиқ ҷойи аввал насиби Азизов Шерзод – муаллими кафедраи нақшакашии факултети санъати тасвирӣ ва технология бо дарёфти 145 хол, ҷойи дуюм насиби Тоҷибоева Дилбар ходими илмии Институти илмҳои табиатшиносӣ ва ҷойи сеюм насиби Муродов Каримҷон – аспиранти кафедраи информатика ва машинаи ҳисобарори факултети математика бо дарёфти 112 хол муқаррар карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар асоси фармоиши ректор ба ғолибон ҷойи якум 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ муқофотпулии якдафъаина муқаррар карда шудааст.
Маркази иттилоот ва таҳлил







