Дар толори хурди Донишгоҳ семинари омӯзиши барномаҳои Erasmus + бо иштироки дирекори офиси миллии ERASMUS+ Заррина Нуриддинова доир гардид. Дар семинар муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Азизов мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ Т.Каримов ҳамоҳангсозони лоиҳаҳои барномаҳои ERASMUS + аз донишгоҳ профессорон У. Ғаффорова ва Х. Муртазоев, устодон, кормандони раёсат ва магистрантони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар семинар роҳҳо ва усулҳои иштироки онҳо дар барномаҳои грантии ташкилоти мазкур нишон дода шуд. Инчунин ба иштирокчиён самтҳои асосии маблағгузории аз ҷониби Erasmus+ фаҳмонида дода шуд.
Дар ҷараёни семинар докторанти факултети Телекоммуникатсияи ва технологияи иттилоотӣ Мирмухаммедов Меҳрубон иштирокчиёни барномаи зудҳаракатии ин ташкилот, ки дар донишгоҳҳои хориҷии дур таҳсил карда бозгаштаанд, аз таассуроти худ дар бораи таҳсил ва будубоши донишҷӯёни хориҷӣ нақл намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







