ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
“ГАНҶИ СУХАН” ДАР СОЛИ НАВ
2018-01-17

Нишасти   158-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”,   дирӯз   дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки бештар аз 200 нафар олимону адибон, устодон, донишҷӯён  баргузор  гардид.

Маҳфилро сарвари он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки нишасти имрӯза ҷамъбасти фаъолияти маҳфил дар соли 2017 мебошад. Сипас  муовини  ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуфаттоҳ Раҳимов аз мақому мавқеи маҳфил дар ҷомеаи имрӯза изҳори назар намуд. Ӯ гуфт, ки имрӯз дар  донишгоҳ  якчанд маҳфилҳои илмӣ дар соҳаҳои мухталиф ба фаъолият оғоз кардаанд ва анъанаҳои неки маҳфилороиро идома мебахшанд.

Сипас директори маркази тадқиқотии минтақавии ҷаҳон, дотсенти кафедраи муномсибатҳои хориҷӣ ва дипломатияи Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон Азизҷон Раҳмонов оид ба Паёми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масоили амнияти миллӣ маърӯза намуд. Ӯ бо мисолҳои мушаххас дар мавриди ҷоннисориҳои Пешвои миллат дар мавриди таъмини амнияти миллӣ изҳори назар намуда, аз зиёиён дархост намуд, ки дар тарғиби сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат қадамҳои устувор гузоранд.

Номзади илмҳои филология, дотсент Насимҷон Ҳамробоев оид ба мавзӯи “Робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар қарнҳои VIII-IX” дар заминаи тададқиқоти доктори илмҳои филология, профессор Низомиддин Зоҳидӣ маърӯзаи пурмӯҳтавои илмӣ ироа кард. Зимни муаррифии китобҳои Низомиддин Зоҳидӣ оиди тадқиқоти ин адабиётшинос дар мавриди робитаҳои адабии арабу аҷам изҳори назар кард.

Шоираи хушбаён  Адиба дар суханронии худ аз мақоми зан дар ҷомеа ҳарф зад ва тозатарин ашъорашро барои ҳозирин эҳдо намуд. Роҳбари  маҳфил Саидумрон Саидов дар гузоришаш фаъолияти. “Ганҷи сухан”-ро  дар соли 2017 ҷамъбаст кард ва аз нақшаҳои соли 2018 ҳозиринро огоҳ намуд. Аз ҷумла барои беҳтарин суханрониҳо:

1.Паёми Пешвои миллат: Ҷавонон ва маънавияти ҷомеа.

Анвар Мақсудӣ,  собиқ ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (нишасти 148) 2. Адабиёт ва фарҳанг  қосиди сулҳу саодати мардум

суханронии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода (нишасти 150) 3.Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ. Ҷамшед Ҷӯразода доктори илмҳои таърих, профессор, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. (нишасти 152) 4.Ваҳдат сарчашмаи саодат. Суханронии Раиси ноҳияи  Шаҳристон Ёқубзода Умар(нишасти 153)

Барои беҳтарин муаррифгари навгониҳои илмиву адабӣ:

1Сармуаллимаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мунзифа Ёрмирзоева (нишасти 147) 2.Номзади илмҳои филологӣ Ислом Раҳимов (нишасти 157) Барои беҳтарин маърӯзаҳои илмӣ:

1. Маҳфилҳои адабӣ ва парвариши завқи суханшиносӣ дар таърихи адабиёти тоҷик. номзади илмҳои филология, дотсент, Субҳон Аъзамзод (нишасти 147) 2. Зиндагинома ва осори Њаким Тирмизї, Умеда Ѓаффорова, доктори илмњои филология, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (нишасти 148) 3. Таҳаввулоти фарҳанги мусиқии шаҳри Исфара. номзади илмҳои таърих, дотсент Раҳимҷон Аминҷонов (нишасти 150) 4. Бобоҷон Ғафуров ва адибон,  Шамсиддин Солеҳов, доктори илмҳои филология,профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (нишасти 151), 5.Пешвои миллат ва таҳқиқи таърихи забони миллат. Андешаҳо дар перомуни китоби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ”Забони миллат –ҳастии миллат” Мӯсоҷон Олимҷонов, номзади илмҳои филология,дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ (нишасти 154), 6.Оғози саодати мардум. Ҷӯрабек Исомаддинов,номзади илмҳои таърих,, дотсенти ДДҲБСТ (нишасти 155)

Барои беҳтарин суханронӣ ва  ва мушоираҳои адибон:

1.  Абдуҷаббори Суруш (нишасти 147),  Нарзуллои Азизиён,  (нишасти 150), Нуралӣ Нурзод, шоира Гулноз, Муҳиддин Хоҷазод (нишасти154)

Барои суханрониҳо аз минбари озод

1.Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода – (нишасти 147) 2.Саидмурод Ҳоҷиев – профессор (нишасти 147,152,157) 3.Абдусаттор Абдуқодиров –профессор (нишасти 152,153) 4.Холматова Раъно- корманди Ҷамоати деҳоти Ёваи н.Бобоҷон Ғафуров (нишасти 154),

Барои ҳунарнамоиҳо

1.Ансамбли навозандагон ва сарояндагони факултети санъати ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров .(нишасти 148, 149, 152,154,156)2.Ансамбли навозандагон ва сарояндагони Донишкадаи иқтисод ва савдо(нишасти 151),3. Сароянда Самеъҷон Машарипов (нишасти 157),                                             Барои беҳтарин монтажҳои адабӣ

1.”Сайфи Исфарангӣ”.Хонандагони мактабҳои Шаҳри Исфара. (ниш.. 150) 2. ”Тоҷикистон хонаи умеди мо” Хонандагони мактабҳои Шаҳристон(нишасти 153)3. “Ватанам –Тоҷикистон”. Хизматчиёни ҳарбии  Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Қ.Ҳ.051056 (нишасти 155)4.”Достони Ватан” Донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи ак. Б.Ғафуров ( нишасти 156 ва 157) соҳиби сипономаҳову тӯҳфаҳои  раёсати ДДХ ба номи ак.Бобоҷон Ғафуров  ва садорати маҳфили “ Ганҷи сухан” гардиданд. Сарояндагони хушовоз Насибахон Амонбоева ва Абдураҳмон Сатторов  бо сурудҳои дилнавози классикӣ ба маҳфил фазои идонаро эҳдо намуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:652 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар