Шуъбаи тарбияи донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки маҷмуаи мақолаҳоро дар силсилаи роҳнамои тарбият таҳти №20 доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷалби устодони соҳибунвону соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таҳия ва нашр намояд.
Аз ин лиҳоз, хоҳишмандем мақолаҳои устодонро дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи чопӣ бо ҳуруфи тоҷикии Тames New Roman Tj то санаи 31-уми январи соли 2018 ба суроғаи электронии hgu-tarbiya@mail.ru ирсол намоед.
Мақолаҳои ба талабот ҷавобгў набуда нашр карда намешаванд.
МАВЗУЪҲО ФАРОГИРИ МАСЪАЛАҲОИ ЗЕРИН:
- ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон;
- тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ дар кишвар;
- худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсондўстӣ тарбия намудани шаҳрвандон;
- таъмини амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз терроризму экстремизм;
- 10-солаи байналмилалии «Об барои рушди устувор 2018-2028»;
- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ;
- ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда;
- рушди соҳаи маориф ва иқтисодиёти кишвар;
- таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ғайра мебошанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







