ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
2017-09-25

Мавриди зикр аст, ки ҳар сол санаи  21–уми сентябрро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун рўзи бузургдошти поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик  устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи хотирмон дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳо ва мадориси миёна ба хотири тарғибу ташвиқ ва эҳёи илмомўзиву донишазхудкунӣ дар зеҳн ва замири ҳар як нафари донишандўзу доништалаб ба роҳ монда шудааст.  
Ҳамчунин бахшида ба ин  рӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Гафуров ва фаултетҳои он низ ин рўз қайд карда мешавад. Факултети  забонҳои шарқ низ дар баробари дигар факултетҳои Донишгоҳ ҳар сол ин рўзи эҳёи адабро бо иштироки устодону донишҷӯён дар сатҳи баланд ҷашн мегирад. Аз ҷумла, дар санаи мазкур чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ декани факултет Ғиёсова Ф.Н. ноибдеканон Мирмухамедов О., Ҳомидиён Ҳ., Раҳимов Б. ва мудирони кафедраҳо иштирок ва суханрони намуданд. Чорабиниро декани факултет Ғиёсова Ф. ҳусни оғоз бахшида ҳамаи устодон ва донишҷўёнро дар ин чорабинии бошукўҳ барору комёбӣ таманно намуд. Дар рафти чорабинии фарҳангӣ донишҷӯён аз ашъори устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд ва ҳамчунин чандин намоишҳо тариқи саҳна намоиш дода шуд. Дар баробари ин, ҳамчунин тавассути доскаи электронӣ филми “Бӯйи ҷуйи мӯлиён ояд ҳаме” аз ҳаёт ва фаъолияти устод  Рӯдакӣ намоиш дода  шуд. Қобили зикр аст, ки ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ, миёни донишҷӯён озмун низ гузаронида шуд, ки яке аз шартҳои озмун, ин ҳам қироати шеъру суруд аз ашъори устод Рӯдакӣ буд. Баъди ба интиҳо расидани озмун ва баҳогузории ҳакамон ҷойи аввал насиби донишҷӯи курси 1 Бадалова Сайҳона гардид, ки  суруди “Бихандад лола бар саҳро”- и устод Рудакиро бо як маҳорати баланд ва бо овози фораму дилнишин суруда ғолиби озмун гардид. 
Сипас, чорабини бо сухани ҷамъбастии декани факултет Ғиёсова Ф. ва супоридани тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо барои голибону фаъолон ба интиҳо расид. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:517 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар