Дар бинои Taj Citi машварат бо ҳамкории кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва маркази машварати психологӣ ва рушди қобилиятҳои маърифатии «Заковат» баргузор гардид. Мақсади гузаронидани ин чорабинӣ пешниҳод намудани инкишоф додани хотир, тафаккур ва суръати хониш роҳу усулҳои наву муосирро барои кўдакону бузургсолон буд. Дар рафти барнома мутахассисони марказ омўхтани усулҳои нави бахотиргирӣ ва дар муддати кўтоҳ аз худ намудани мазмуни китобҳои бадеӣ ва матнҳои махсусро ба иштирокдорон пешниҳод намуданд.
Маърўзаҳо оид ба шумораҳо, номҳои географӣ, калимаҳои хориҷӣ, харитаи ҷаҳон, калимаҳои абстрактӣ, таблитсаҳои фаннӣ, шеър, калимаҳои душвор, ному насаб, чеҳраи инсонҳо, иероглифҳои хитоӣ ва японӣ, парчамҳои давлат ва ғайраҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Ҷоизи қайд аст, ки ҳамарўза дар ин марказ аз ҷониби мутахассисон машваратҳо ва коррексияи психологӣ гузаронида мешавад ва маркази мазкур якчанд хизматрасониҳоро аз ҷумла: гузаронидани ташхиси психологӣ, гузаронидани машварати психологӣ, (машваратҳои педагогӣ, оилавӣ, корӣ, инфиродӣ, ва гуруҳӣ), гузаронидани вохўрии ислоҳии (корексияи) психологӣ, гузаронидани тренингҳои психологӣ дар мавзўъҳои гуногун пешниҳод менамояд. Машварат бо баҳсу мулоҳизаронии иштирокдорон ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил







