ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОН ДАР ДОНИШГОҲ
2018-01-30

Дар толори  калони Раёсат маҷлиси ҳисоботии собиқадорони ҷангу меҳнати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров баргузор гардид.  Дар кори маҷлис ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода, ноибректори таълим Абдуфаттоҳ Раҳимов, ноибректори тарбия Мӯмин Шамсиддинов, раиси КМИК Аюб Усмонов иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ А. Шарипов бо маърӯзаи ҳисоботӣ баромад кард. Ӯ зимни баромади худ қайд кард, ки дар соли ҳисоботӣ тамоми фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ  баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд  таҷлил намудани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 72-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 85-солагии таъсисиёбии донишгоҳамон, ва шоиста ба иҷро расонидани вазифаҳои муҳиме, ки дар  дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 22 декабри соли 2016 дар соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон  муайян карда шуда буданд, инчунин ҳаллу фасли  масъалаҳои муҳиму  рўзмарраи дигар равона карда шуда буд.

Сипас, оид ба фаъолияти пурсамари Шӯрои собиқадорони Донишгоҳ– раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, Р. Юлдошев, факултети педагогӣ, Ғ. Холиқов, факултети санъат, Т. Назаров, ноибректор оид ба таълим А. Раҳимов оид ба ҷараёни ташкилоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Донишгоҳ суханронӣ намуда, оид ба беҳтар намудани кори ташкилот пешниҳодҳои муфид намуданд.

Баъдан ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти пурсамари ташкилоти Шўрои собиқадорон маҳз бо кори неки ҳар яки Шумо устодони собиқадори ин боргоҳи илму маърифат мебошад.

Ба ин меҳнатҳои шоёни Шумо собиқадорон ман арзи сипос менамоям, зеро имрӯзҳо Шумоён собиқадорон бо руҳияи баланд, бо дили гарм дар қатори ҷавонон  истода фаъолияти пурсамар бурда истодаед. Вақте, ки ба ҳайси роҳбар ба ин даргоҳи илму маърифат таин гардидам, сўҳбати аввалини ман маҳз бо собиқадорон сар шуда буд. Аз тарафи Шумо собиқадорон таклифу пешниҳодҳои муҳим барои пешравии донишгоҳ шуда буд ва имрӯз бо боварии комил гуфта метавонам, ки он дархостҳо амалӣ гардида истодаанд. Бояд зикр кард, ки собиқадорон нерӯи бузурги ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд.   

Ректори донишгоҳ ҳамчунин қайд кард, ки дар қатори раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати факултетҳо як нафари занҳо низ шомил гарданд, зеро занҳо дар якҷоягӣ бо мардон кори ташкилотро бо муваффақият пеш мебаранд. Инчунин, зикр карда шуд, ки мавзӯҳои маҳфили тарбиявии «Чароғи ҳидоят» бояд густариш ёбад ва бо собиқадорони донишгоҳ сӯҳбатҳо ташкил карда шавад, ки ин таъмини ҳамкории наслҳо ва муаррифии таҷрибаи бою ғании собиқадорон ба ояндаи дурахшони ҷавонон  хоҳад шуд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

                

 

Аз назар гузарониданд:550 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар