Дирӯз дар назди театри Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Иди Сада барномаи фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, кулли мардуми вилоятро бо ин Иди Сада табрик намуд. Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки Ҷашни Сада чун идҳои Наврўзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи форсзабон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу таронаҳо, оростани хони пӯрнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмию фарҳангии абармандони форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Наршаҳӣ, ва чанде дигарон оиди ин иду ҷашнҳои мардумӣ маълумотҳои ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд. Таҷлили пуршукуҳи ҷашнҳои аҷдодӣ амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ин сана ба 30-уми январ-рузи аввали фасли сармои зимистон рост меояд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин беш аз 200 нафар кормандон, устодони донишгоҳ иштирок намуданд. Бо назардошти супориши роҳбарияти донишгоҳ баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи бинои раёсат, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо дарахтони сояафкан, ҳамешасабз, кўчати тухмии гулҳоро харидорӣ карда шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







