Имрӯз дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади гиромидошти ҷашнҳои миллӣ чорабинӣ бахшида ба Иди Сада таҳти унвони “Пайки баҳору муждаи гармо” баргузор шуд. Дар долон ва толори хурди раёсати донишгоҳ намоишгоҳи ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумлаи сӯзанидӯзӣ, нақшакашӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ, либосҳои миллӣ ва меваҷоту таомҳои миллӣ, нонҳои тоҷикона ба маърази тамошо гузошта шуд.
Пас аз тамошо дар толори калони Раёсати донишгоҳ бахши фарҳангии чорабинӣ оғоз гардид. Сараввал ректори донишгоҳ профессор, Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. чорабиниро ифтитоҳ намуда, суханро ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии вилояти Суғд М. С. Набиев вогузор намуд. М. С. Набиев табрикоти иҷрокунандаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид.
Сипас ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. устодон ва донишҷӯёнро бо ин иди миллӣ табрик намуда, қайд намуд, ки Иди Сада ба монанди Наврўзу Меҳргон замоне аз байн рафта буд, вале боиси саодатмандии ҳамаи мову Шумо ва тамоми мардуми тоҷик аст, ки ин ҷашни бузурги аҷдодӣ маҳз тавассути раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, имрўз ба як маросими ҳамдиливу ваҳдати халқи азизи мо ва тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон табдил ёфта истодааст.
Баъдан дар қисми фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултети педагогӣ бахшида ба Иди Сада саҳначаҳо намоиш доданд. Ҳамчунин ҳофизони шинохтаи вилояти Суғд дар васфи Тоҷикистон, Истиқлолият, Ватан сурудҳо суруда таъби ҳозиринро болида гардониданд. Чорабинӣ аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни факултети педагогӣ омода ва гузаронида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







