Бо мақсади тақвият бахшидани малакаи касбии кадрҳои соҳаи маориф, боло бурдани донишҳои амалии кормандони соҳа ва бо назардошти талаботҳои замони муосир омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳони муосир дар толори хурди раёсати донишгоҳ бо иштироки намояндаи шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми донишгоҳ дар тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон” баргузор гардид. Нахуст дар маҷлис муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Раҳимов Абдуфаттоҳ суханрони намуда, доир ба мақсади асосии баргузории ин ҷамъомад иттилоъи муфассал дод. Хусусан қайд карда шуд, ки “Таъсири таҷрибаомӯзӣ дар омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф, бо назардошти тамоми самтҳои соҳаи фаъолият муассир аст”.
Сипас, мутахассиси шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Болтуев С, атрофи масъалаҳои нақш ва таъсири таҷрибаомӯзӣ дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи маориф ҳарф заданд.
Дар кори конфронс мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва хуқуқи факултетит таърих ва ҳуқуқ, дотсент Маҳмудов Олимҷон доир ба мавзуи “Рафти таҷрибаомӯзии дарозмуддат ва ӯҳдадориҳои роҳбарони таҷрибаомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ” ва мудири кафедраи методикаи таълими математикаи факултети математика, дотсент Раҷабова Саодат “Талабот ва вазифаҳои таҷрибаомӯзии педагогӣ ва усулҳои таҳлили дарси таҷрибаомӯзон” маъруза намуданд. Ба мусоҳиба мудири кафедраи биология, профессор Каримов С.Б, мудири кафедраи методикаи таълим забон ва адабиёт – Ҳакимова Ш, мудири кафедраи психологияи умумӣ, номзади илмҳои психологӣ – Бойматов С. ва дигарон низ ҳамроҳ шуда, перомуни тамоми ҷанбаҳои таҷрибаомӯзӣ ва нақши он дар рушди донишҳои амалӣ ва малакаи касбии кормандони соҳаи маориф ибрози ақида намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил







