Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои ҳаётан муҳими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 22-уми декабри соли 2017 ироа гардидааст, дар толори калони раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Паём ва рисолати созандаи он” баргузор гардид. Нахуст дар конфронси мазкур ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло суханронӣ намуда, нақши паёмро дар муайян намудани ояндаи дурахшони давлат басо назаррас арзёбӣ намуд. Мавсуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки “Паёми Пешвои миллат муҳимтарин санад дар рушду нумӯи давлат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад”.
Сипас, баромади намояндаи МИҲД вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳамедов ва маърузаи илмии дотсенти кафедраи таърихи ватан - Шавкат Шарипов перомуни мавзӯи “Тамоюлҳои муносибатҳои байналхалқӣ, мавқеи абарқудратҳо ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат” ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар рафти конфронс мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҷабборов Иброҳим дар мавзуи “Таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ва таъмини суботу амният дар ҷомеа” ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа профессор Атоулло Атоев дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди бомароми Тоҷикистон дар марҳилаи нав” маъруза карданд.
Хотиррасон бояд шуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба паёми соли гузашта вобаста ба матраҳ гардидани сиёсати Тоҷикистон дар муқобили буҳрони сиёсиву молиявии ҷаҳон фарқият дошта, зарфиятҳои зиёдеро дар ин самт ба миён меорад.
Маркази иттилоот ва таҳлил







