ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ИИИР ҶОЙ МЕШАВАНД
2018-02-05

Бо мақсади дар амал татбиқи сиёсати дурандешона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раёсати Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултети забонҳои шарқ  бо ибтикори забоншиноси варзида дотсент Ғиёсов Н.И  мизи мудаввар   таҳти унвони  «Роҳ ва усулҳои ҷой додани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар Индекси иқтибоси илмии Россия (РИНЦ - Российский индекс научного цитирования) баргузор гардид. Зимни ин чорабинӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Оқилхўҷа Сулаймонов бо маърўзаи  “Роҳ ва усулҳои ҷой додани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар Индекси иқтибоси илмии Россия баромад намуда, дар бораи китобхонаи электронии ELIBRARY.RU тарз ва усулҳои ворид шудан ба ин китобхона, ҳамчунин ҳадафу натиҷаҳои истифода ва шомил гардиданро ба РИНЦ, ЧИНИ ва ХИРШ  шарҳ дод. Дар интиҳои мизи мудаввар байни иштирокчиён ва баромадкунанда музокираву мубоҳиса  сурат гирифт. Ҳадаф аз ташкили ин мизи мудаввар ба аҳли таҳқиқ омӯзонидани роҳҳои нави дарёфти маълумот, тарзҳои кор бо китобхонаҳои электронӣ ва  ошно сохтани онҳо бо адабиётҳои ҷадиду пураҳамияти соҳаҳои мухталифи илм мебошад.

 

 

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:527 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар