ба қафо
ҶАШНИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА
2017-09-25
Бахшида ба ҷашни Рӯзи забон дар толори факултети математика чорабинии илмиву бадеӣ таҳти унвони «Забон – сарчашмаи бахти миллат» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷӯёни курси якуми факултети математика таҳия гардида, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар оғози чорабинӣ декани факултет дотсент Қ. Бобохонов суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро бо Рӯзи забон ва Рӯзи Рӯдакӣ табрику муборакбод намуданд.
Дар чорабинӣ донишҷӯён таъкид карданд, ки забони тоҷикӣ дар замони Сомониён забони давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Имрӯз шукронаи он дорем, ин забони қадима –- забони ноби тоҷикӣ чун забони давлатӣ хизмат мекунад ва бо ин забон Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда, миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муррифӣ менамоянд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби устоди кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ дотсент Ҳ. Олимова маърузаи илмӣ дар мавзӯи «Забон – сарчашмаи бахти миллат» пешкаш гардонида шуд.
Донишҷӯён дар васфи забони тоҷикӣ, чун Рӯзи Рӯдакӣ аз ашъори ӯ шеърҳо қироат намуданд.
Дар қисми бадеӣ-фарҳангии чорабинӣ намоиши саҳнача таҳти унвони «Забонгумкарда» пешкаши тамошобинон гардид. Мақсади асосии намоиш донистани забони модарӣ, тарбия намудани хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ буд, ки донишҷӯён нақши худро бо маҳорат иҷро карда тавонистанд.
Дар чамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни маҳфил аз имконият истифода бурда устодонро бо фарорасии Иди касбиашон муборакбод намуданд ва таъби омӯзгоронро бо рақси зебои донишҷӯ Хиромон Якубова таҳти суруди «Тоҷикистон» болида карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:846 нафар
баён кардани ахборот