ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЗИНДАГИНОМАИ ИБРАТБАХШ
2018-02-06

Бахшида ба 85-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бинои таълимии №3 бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ маҳфили илмӣ - адабӣ таҳти унвони “Ҳусни баён”  баргузор гардид.

Дар маҳфил профессори кафедраи методикаи таълими математика, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени меҳнат Самадов Каюм Самадович иштирок намуда, доир ба фаъолияти кории худ ва донишгоҳ ҳарф зад. Перомуни ҳаёт ва фаъолияти мавсуф донишҷӯи гурӯҳи 108-уми факултети молия ва иқтисодиёти бозор Ҳакимова Меҳрангез зери мавзӯи “Ним аср зиёд дар донишгоҳ”  маърӯза намуд.

Мавриди таъкид аст, ки  Самадов Қаюм Самадович  20-уми феврали соли 1935 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров  дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба ихтисоси математика дохил шуда, соли 1958 ин боргоҳро хатм намудааст. Соли 1958  дар институти давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров ба фаъолият оғоз кард.  Қобили қайд аст, ки фаъолияти мавсуф ҳамчун омӯзгор дар донишгоҳ серпаҳлӯ ва доманадор буда, намунаи ибрат барои насли нав мебошад/

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:527 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар