ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАТБИҚИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
2018-02-06

Дар факултети забонҳои шарқ семинари таълимӣ-методӣ барои муаллимони забони хориҷӣ баргузор гардид. Семинари мазкур аз ҷониби кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ гузаронида шуда, дар он устодон аз кафедраҳои забони англисӣ, форсӣ-хитоӣ иштирок намуданд. Муҳимтарин нукта дар семинари таълимӣ-методии мазкур ин нишон додани роҳу усулҳои гузаронидани бозиҳои интерактивӣ ба монанди Line up, Magical Banana, Haiku ва ҷорӣ намудани ин усулҳо дар раванди дарс ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва қобилияти фикрронии донишҷӯён маҳсуб меёфт. Дар поёни семинар иштирокчиён доир ба тарзу усулҳои навиштани Эссе байни ҳам табодули назар карданд.  Қайд карда шуд, ки ҳадаф аз ташкили семинари мазкур ин ошно намудани устодон бо як қатор усулҳои фаъоли таълим ва табодули таҷриба байни омузгорони факултет буд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:604 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар