ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАЪСИСИ ШӮРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ
2018-02-09

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муаррифии Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 033 барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисоси филология бо иштироки ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, аъзои Шӯро ва устодони донишгоҳ баргузор гардид. Сараввал ректори донишгоҳ професор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ташкил шудани шӯрои мазкурро дар донишгоҳ падидаи нек арзёбӣ намудан, ҳамагонро бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти № 10 аз 29-уми январи соли 2018  ба тасвиб расидааст, шинос намуд. Таъкид шуд, ки Шӯрои диссертатсионӣ аз 25 нафар аъзо иборат буда, дар он аз рӯи чор ихтисос  рисолаҳои илмӣ ба дифоъ расонида мешаванд.

Раиси Шӯрои диссертатсионӣ, професори кафедраи адабиёти муосири тоҷик Матлубаи Мирзоюнус барои дастгирӣ дар ташкили Шӯрои мазкур дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуда, қайд кард, ки Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯи ихтисоси Филология (ихтисосҳои 10.01.08 - Назарияи адабиёт, матншиносӣ, 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ - таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ, доктор ва номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.09 - Фолклоршиносӣ, 10.02.14 - Филологияи классикӣ, филологияи арабӣ ва юнонӣ) фаъолият менамояд.

Сипас муовини раиси Шўро, профессор Ҳасанов Абдуҷамол Ашрафович ва аъзои Шӯро, профессорон Абдуқодиров Абдусаттор, Азимова Матлуба Нуриддиновна ва Файзуллоев Неъматҷон аз таъсиси Шӯро изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани кори Шӯро ва беҳтар намудани сифати рисолаҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:634 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар